6 ҳабси якумра: Барои қатли ҳомила, таҷовузи духтари 6-сола ва...

Шӯрои адлияи Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар кишвар 6 нафар ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, ки нисбати соли 2014 як ҳолат зиёд мебошад.

Шӯрои адлияи Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар кишвар 6 нафар ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, ки нисбати соли 2014 як ҳолат зиёд мебошад. Дӯстмурод Муродзода, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон, имрӯз, 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки ҳабси абад алайҳи афроде татбиқ шудааст, ки дар ҷиноятҳои махсусан сангин гунаҳкор дониста шудандБа гуфтаи Муродзода аз ҷумла додгоҳ Абдулазиз Усмонов, маъруф бо номи “Ҳоҷӣ Самандар” ва зердасташ Саидмурод Мадалиевро барои қатли бародарон-Раҷабалӣ ва Фарҳод Каримовҳо, ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Қаблан Худи ҳоҷӣ Самандари 53-сола дар шарҳи омилҳои даст задан ба ин ҷиноят гуфт, Каримовҳо аз ӯ беш сад кило героинро бо нархи 4 ҳазор доллар сари ҳар кило гирифта, маблағашонро надодаанд. Раиси Шӯрои адлия илова намуд, ки инчунин соли гузашта барои абад ба зиндон Ҷамшуд Раҳимов равона шудааст, ки ҳамсари ҳомила ва хушдоманашро қатл карда, ба хоҳарарусаш зарари вазнин ҷисмонӣ расондааст. Инчунин Амирхон Ҳотамов, донишҷӯи соли панҷуми факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои қатли ду донишҷӯи ин донишгоҳ ҳукми абад гирифтааст. Тибқи иттилои раиси Шӯрои адлия додгоҳи ноҳияи Конибодом Юлдошев Баҳроми 38-соларо, ки фарзандони худ, Заринаи 7-сола, Нурмуҳаммади 12-сола ва ҳамсараш – Эргашева Дилороми 39-соларо ваҳшиёна бо табар ба қатл расонда буд, абадан равонаи зиндон намудааст. Дар баробари ин ба иттилои манбаъ додгоҳи вилояти Суғд Юрий Коноваловро дар таҷовуз ва қатли бераҳмонаи духтари 6-солаи ҳамсоя гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кардааст. 

general.images