2017– соли амиқтар шудани мушкили молии расонаҳо

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, илова ба мушкилоти молию корӣ, созмонҳои мудофеи озодии баён соли 2017 аз тарки пеша кардани дасти кам 20 журналист бо сабаби маошу даромади кам ва вуҷуди фишори сиёсӣ хабар доданд.

Таътил шудани сомонаи “Озодагон” ва амиқтар шудани мушкилоти молии нашрияҳои мустақили чопӣ аз он масоиле ҳастанд, ки дар таърихчаи як соли охири матбуоти тоҷик сабт мешаванд.Соли 2017 аксар нашрияҳои мустақил аз коҳиши даромад, мушкили пахши нашрияҳо, рақобати шадид бо вебсайтҳои хабарӣ шикоят карданд. Илова ба мушкилоти молию корӣ, созмонҳои мудофеи озодии баён соли 2017 аз тарки пеша кардани дасти кам 20 журналист бо сабаби маошу даромади кам ва вуҷуди фишор дар заминаи пӯшиши матолиби ҳассоси сиёсӣ хабар доданд. Созмонҳои байналмилалӣ аз маҳдуд шудани озодии баён дар Тоҷикистон изҳори ташвиш карданд.Таҳлилгарон мегӯянд, тамоюли коҳиши нишондодҳои озодии матбуот дар Тоҷикистон давоми чанд соли охир пайваста идома дорад ва ин вазъият аз таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии кишвар вобаста аст. (гирифташуда аз сомонаи Озодӣ).Бале, дуруст аст ҳамаи ин ҳодисаҳо ва мушкилоти молӣ ва иқтисодӣ вобастагии зич бо таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва бархурди ҳукуматдорону масъулони давлатӣ дорад.Аммо чунин ба назар мерасад, ки мушкилоти молӣ ва иқтисодӣ на танҳо домангири матбуот ва расонаҳо шудааст, балки дар тамоми ширкатҳои хориҷӣ ва дохилӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва хусусӣ шоҳиди буҳрону мушкилоте ҳастем, ки ба навбат онҳоро равонаи анбори таърих мекунад.Дар ҳамин соли 2017 ба ғайр аз баста шудани сомонаи Озодагон, шоҳиди муфлисшавии бонкҳое будем, ки бо вуҷуди дастгирии давлат ва кумакҳои ҷаҳонӣ натавонистанд рӯйи пои худ биистанд. Ва ё шоҳиди бекор шудани садҳо нафар аҳолӣ ва мутахассисони тоҷик, баъд аз баста шудани ширкати “Умед -88” ва сомонаи интернетии “НҶН” будем.Бахше аз ин нобасомониҳо ва мушкилот агар вобастагӣ ба буҳрони молӣ дошта бошад, бахши бузургтари он нишастани афроди нолоиқ ва кутоҳназар дар мансабҳои давлатӣ ва калидӣ ҳастанд, ки намегузоранд мардуми тоҷик рӯзи озод ва ободро бубинанд. Ба хотири чунин афрод аст, ки дар ин сол ширкат ва муассисаҳое, ки дари онҳоро бастанд, бештар аз ширкат ва муассисаҳое буд, ки ифтитоҳ шуд. Баъзе аз ин афроде, ки сабаби буҳрон ва мушкилоти мардум ва давлат мешаванд, коркунони амниятӣ ҳастанд. Бо вуҷуди он ки вазифаи аслии ин ниҳод барпо кардани амнияти мардум ва ниҳодҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳаст, аммо худи онҳо сабаби ноамнӣ ва тарсу ҳарос дар дили мардум шудаанд ва инаст, ки аксари мардум ва ширкатҳо тарки Тоҷикистон кардаанд.Ба умеди беҳтар шудани вазъи иқтисодии мардум ва камшудани фишор болои мардуми мазлуми тоҷик дар соли пешорӯ доштаро дорем!!! Хабарнигори Восток-нюз: Ҷаъфар Сатторов

general.images