15 соли зиндон барои масъули маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон, Сайидалӣ Тағоев, масъули Созмони Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин минтақаро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон, Сайидалӣ Тағоев, масъули Созмони Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин минтақаро ба 15 соли зиндон маҳкум кард. сешанбеи радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти "Тоҷинфо", бастагони Сайидалӣ Тағоев гуфтаанд, ки Додгоҳи ноҳияи Данғара вайро пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон ва аъзои хонаводааш, бар асоси се банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст.Ин додгоҳ иттиҳомҳои ин масъули маҳаллии Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараро мушорикат дар ташкили гурӯҳҳои ‌ террористӣ, барангехтани ихтилофоти қавмӣ, даъват барои барандозии низоми сиёсӣ ва ифротгарӣ эълом кардааст.Бар асоси ин гузориш, дар Додгоҳи ноҳияи Исфара, дар вилояти Суғди Тоҷикистон низ баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи се нафар аз масъулон ва аъзои Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ оғоз шудааст.Абдусаттор Бобоев, масъули созмони Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Исфара ба ҳамроҳи Бобоҳодӣ Ҳайдаров ва Анорбой Содиқов, ду узви дигари ин ҳизб низ ба иттиҳоми мушорикат дар ташкили гурӯҳҳои террористӣ, барангехтани ихтилофоти қавмӣ, даъват барои барандозии низоми сиёсӣ ва ифротгароӣ, пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури наздикон ва хабарнигорон муҳокима мешаванд.Ин дар ҳоле аст, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистони ахиран дар гуфтугӯ бо "Садои Олмон" аз муҳокимаи аъзо ва тарафдорони боздоштшудаи ин ҳизб ба дур аз чашми хабарнигорон ва наздикони онон ибрози нигаронӣ карда буд.Кабирӣ таъкид карда буд, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳеч иртиботе бо шӯриши Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои ин кишвар дар моҳи сентябри соли гузашта надорад ва мақомоти амниятӣ танҳо барои мамнӯъ кардани фаъолияти ин ҳизб чунин иттиҳомотеро матраҳ мекунанд.Вай теъдоди аъзо ва тарафдорони боздоштшудаи ин ҳизб дар дохили Тоҷикистонро наздик ба 200 нафар унвон кардааст.

general.images