Ҷунуни бениҳояти қудратталабии Э.Раҳмон\ Ҳатмӣ шудани навиштани иншо дар бораи Э.Раҳмон ба довталабони мактабҳои олӣ

Минбаъд ба довталабони мактабҳои олӣ пешниҳод мекунанд, ки дар бораи Эмомалӣ Раҳмон иншо нависанд.

Инсони мавҷуде аст, ки бениҳоятталабиро дӯст медорад Касоне ки худро насохта ва арзишҳои инсониро дар худ парвариш надода бошанд, агар бар сари қудрат оянд, ҷунун ва тамаъи сернашавандаи ба қудрат ба онҳо даст медиҳад, ки ошиқи қудрат мешаванд. Чунин касоне чунон хатарнок мешаванд, ки ҳатто аз ҳайвони ваҳшии дарранда низ даррандатару ваҳшитар мешавад, ки намунаи онро метавон дар шахсоне чун Гитлер, Чингизхони Муғул ва ҳазорон намунаи дигар. Эмомалӣ Раҳмон низ шахсияте ҳамонанди Гитлеру Чингизхон аст; чароки тамаи қудрат ӯро ба куштани садҳо ҳазар нафар водошт ва ҳазорон нафар бехуномун карда, ба ғуломии кишварҳои бегона фиристод.Эмомалӣ Раҳмон дар қудратталабӣ ба марзи ҷунуну девонагӣ расидааст ва дару девору кӯҳу саҳрои Тоҷикистонро пур аз аксу муҷассамаи Чингизмонанди худ кардааст. Ӯ бо инки ҳамаи дар курсии қудрат реша давонда, фарҳангу таъриху тамаддуну бойгарӣ ва сарзамини Тоҷикистонро ба нобудӣ кашондааст ва дар ҳамаи ҷо аксҳои худро зада, худро қаҳрамони миллат муаррифӣ карда, ба ин басанда накрда, ба донишҷӯён ва касоне ки довталаби мактабҳои олӣ ҳастанд маҷбур кардааст, ки дар бораи ӯ иншо нависанд.Ҷунуни ӯ дар қудрат ҳарчӣ бошад аз Фиръаву Намруде ки ниме аз ҷаҳон дар дасташон буд, болотару фаротар нест. Оқибат бо як магас аз байн рафтанд, Эмомалӣ Раҳмон низ, ки ҳатто андозаи нохуни Фиръавн намешавад, бо ин зулму ситаме ки бар сари мардум раво дошта, сарнавиште беҳтар аз Фиръавну Намруд нахоҳад дошт.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Спутник, минбаъд ба довталабони мактабҳои олӣ пешниҳод мекунанд, ки дар бораи Раҳмон иншо нависанд. "Аз ҳамин сол сар карда дар Тоҷикистон, ҳамаи довталабон, новобаста аз забони таҳсил аз рӯйи 60 мавзӯъ ба забони тоҷикӣ иншо менависанд. Дар мавзӯъҳои пешниҳодшаванда "Пешвои миллат-ҳомии миллат", ё ин ки "Мо — пайравони Пешвои миллатем" низ оварда шудааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images