Ҷилавгирии 4 сола аз дидори фаъоли сиёсии тоҷик бо фарзандаш

Агарчӣ парвандаи марбут ба Ҳамзаи 4 сола бо кӯтоҳ омадани мақомоти тоҷик ва судури муҷаввиз барои ӯ ва модараш ба натиҷа расид, аммо мавориди мушобеҳи дигаре низ вуҷуд дорад, ки Фотима Давлатова, духтари 10 солаи Шабнам Худойдодова намунаи дигаре аз ин даст мебошад.

Ба гузориши Востокнюз ба нақл аз Тасним, яке аз мавзӯоти муҳимми ин рӯзҳои фазои сиёсӣ ва расонаии Тоҷикистон, ки дар сатҳи байналмилалӣ низ бозхӯрдҳои зиёде дошт, масъалаи марбут ба Ҳамзаи Тиллозода, набераи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ буд.Ин кӯдаки 4 сола, ки ба ҳамроҳи модараш аз соли 2015 (беш аз 3 сол) ба далелии тасмими дастгоҳҳои амниятӣ дар Тоҷикистон монда ва иҷозаи мулоқот ва ҳатто телефон бо падарашро ҳам надошт, аммо достони Ҳамза аз онҷое ғамангезтар ва ҳассостар шуд, ки вай мубтало ба бемории саратон шуд ва давлати Тоҷикистон боз ҳам аз судури мадорики вай ва модараш барои хуруҷ аз кишвар барои мудово мумонеъат мекард ва муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегуфт, ки бемории вай дигар қобили дармон нест ва бидуни ҳар талоше барои дармони Ҳамза дар хориҷ аз Тоҷикистон, бояд дар интизори марги тадриҷии ин кӯдаки чаҳор сола нишаст.Ин мавзӯъ хашми бисёре аз тоҷикҳо ва низ чеҳраҳо ва созмонҳои байналмилалиро барангехт то ин ки дар ниҳоят чанд рӯз пеш давлат маҷбур ба додани ҳуҷҷатҳо ба ҳамза ва модараш шуд. Дар натиҷа ӯ тавонист бо модараш барои дармон ба Туркия сафар карда ва дар ҳоли ҳозир дар яке аз беморхонаҳои Истанбул мароҳили дармонии худро тай мекунад.Агарчи шояд ин мавзӯъ як пирӯзӣ барои адолатхоҳон ва зулмситезони тоҷик бошад, аммо бо мушоҳидаи даҳҳо ва садҳо мавриди мушобеҳи дигар, навидбахши оғози як роҳ то бартараф кардани тамомии мушкилот аз ин даст аст.Бинобар иттилооти расида, даҳҳо мавриди дигар аз фаъолини сиёсии тоҷик, ки маҷбуран ба далел фишорҳои давлат ва талошҳо барои ҷисман нобуд кардани ва зиндонӣ шудани онҳо тайи солҳои охир (аз 2014 ба ин тараф, бо афзоиши бесобиқаи фишорҳо ба мухолифин дар ин кишвар) аз Тоҷикистон хориҷ шудаанд, хонаводаҳояшон ҳамчунон дар кишвар боқӣ монда ва яке аз мушкилоти асосии онҳо барқарории тамос бо фарзандони хурдсол ва аъзои хонаводаашон будааст.Фотима Давлатова, духтари 10 солаи Шабнам Худойдодова, аз фаъолини сиёсии тоҷик, намунаи дигаре аст, ки дар ин замина метавон ба он ишора кард. Хонуми Шабнам Худойдодова аз фаъолини сиёсии тоҷик ва аз аъзои Гурӯҳи 24 мебошад.Фаъолиятҳои сиёсии вай бештар дар Русия буд ва аз соли 2014 дигар хонаводаашро надидааст. Пас аз он ки фишорҳо аз ҷониби мақомоти тоҷик дар Русия ҳам афзоиш меёбад, вай Русияро низ ба мақсади Аврупо тарк мекунад; то ин ки жао маохи Беларус ва Лаҳистон, дастгир шуда ва ҳудуди 9 моҳ дар боздошти ин кишвар мемонаж. Мақомоти Тоҷикистон вайро низ ҳамчун дигар мухолифини сиёсӣ таҳти таъқиб қарор дода буданд. Дар ниҳоят пас аз 9 моҳ боздошт дар Беларус, бо эъмоли фишор аз сӯи созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва бо дахолати ИМА, вай озод шуда ва ба Лаҳистон паноҳанда мешавад.Акнун 5 сол аст, ки хонуми Худойдодова дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳузур дошта ва хонаводааш дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон мондаанд. Вай мегӯяд аз моҳи декабри соли 2016 мадорики шиносоӣ ва гузарномаҳои онҳо забт шуда ва пас аз як сол ба онҳо бозгардонда шуд. Ҳатто модари ин фаъоли сиёсӣ дар Тоҷикистон ба сафоратхонаҳои Олмон ва ИМА дар Душанбе барои ҳалли ин мушкил муроҷеъа карда ва аз ҳамин рӯ таҳти фишорҳои зиёде қарор гирифта буд.Хонуми Худойдодова мегӯяд, ки таҳти ин фишорҳои амниятӣ модараш ба беморӣ дучор шуда ва дар назар доштаанд то дар Лаҳистон таҳти мудово қарор бигирад.Пас аз қазияи Ҳамза Тиллозода ва кӯтоҳ омадани мақомоти тоҷик, Фотима ба ҳамроҳи тағо ва модарбузургаш талош мекунанд то аз Душанбе ба Алмаато рафта ва пас аз чанд сол ба дидори модарашон бираванд, аммо боз ҳам бо мумонеъати мақомоти амниятии тоҷик мувоҷеҳ мешаванд.Хонуми Шабнам Худойдодова мегӯяд, ки онҳо аз марз ва ҳатто аз гумрук ҳам гузаштанд ва вориди ҳавопаймо шудаанд, аммо пеш аз парвоз бо дастури нерӯҳои амниятӣ онҳоро аз ҳавопаймо пиёда кардаанд. Дар муколимае, ки бо мақомоти амниятӣ дар фурӯдгоҳ доштанд, гуфтаанд, ки хонаводааш таҳти назорати амниятӣ қарор дошта ва бино бар дастури мақомоти баландпояи амниятӣ, онҳо иҷозати хуруҷ аз Тоҷикистонро надорад. Пас аз он ҳам дар фурӯдгоҳ мавриди бозҷӯии ин нерӯҳо қарор гирифтаанд.Хонуми Шабнам Худойдодова мегғяд, ин рӯзҳо дигар узви ҳеч гурӯҳи сиёсӣ нест ва ба сурати мустақил ба фаъолиятҳои ҳуқуқи башарии худ идома медиҳад. Ин фаъоли сиёсии тоҷик ҳамчунин тасреҳ мекунад, ки барои коҳиши фишорҳои ворид шуда ба хонаводааш ва содир шудани муҷаввизи хуруҷ аз кишвари онҳо, фаъолиятҳои сиёсиашро поён дода ва ҳатто саҳифаи фейсбуки худро низ ғайрифаъол кардааст.Албатта мақомоти Тоҷикистон ҳамчунон мумонеъат аз хуруҷи хонаводаҳои мухолифини сиёсии ин кишварро рад карда ва мегӯянд мушкиле барои хуруҷи онҳо аз кишвар вуҷуд надорад. Бо ин ҳол аммо сӯҳбат бо мухолифин ва хонаводаҳои онҳо гӯёи масоили дигаре аст.Равши дастгоҳҳои амниятӣ дар ин қазия сода аст. Дар ибтидо мадорики шиносоӣ ва ба вижа гузарномаҳоро мегиранд ва сипас бо коршиканиҳои пайдарпай монеъ аз судури дигарбораи онҳо мешаванд.Гуфта мешавад мавориде назири Ҳамза ва Фотима дар Тоҷикистон фаровонанд. Хонаводаҳои бисёре аз фаъолин ва мухолифини сиёсии тоҷик бо фишори дастгоҳҳои амниятӣ дар ин кишвар боқӣ мондаанд ва иҷозаи хуруҷ аз кишвар ва дидор бо падару модарашонро надоранд.

general.images