Ҷарроҳии Ҳамза Тиллозода дар Истанбул муваффақиятомез буд

Ҳамза Тиллозода – набераи чорсолаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 21 сентябр дар бемористони "Медипол Мега”-и шаҳри Истанбули Туркия ҷарроҳӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, Ҳамза Тиллозода – набераи чорсолаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 21 сентябр дар бемористони "Медипол Мега”-и шаҳри Истанбули Туркия ҷарроҳӣ шуд. Ҳамза ду сол боз аз як навъи нодири бемории саратон – саратони байзатайн (эмбриональная карцинома) ранҷ мекашад. Ба модари ӯ дар аввали моҳи август иҷозат доданд, ки фарзандашро барои табобат ба хориҷи кишвар барад.Наздикони Ҳамза (Иброҳим) Тиллозода – набераи чорсолаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 22 сентябр хабар доданд, ки ҷарроҳии саратони Ҳамза дар бемористони "Медипол Мега”-и шаҳри Истанбули Туркия ду соат давом карда, бо муваффақият анҷом ёфтааст.Муҳаммад Тиллозода, амаки Ҳамза гуфт: "Ҷароҳӣ хуб гузашт ва табибон мегӯянд, акнун бо анҷоми чанд давраи дигари химиотерапия метавон умедвор шуд, ки ин беморӣ батамомаз бадани Ҳамза биравад. Табибон мегӯянд, шукри Худо, Ҳамза кӯдаки бақувват будаст ва бо вуҷуди аз меъёр гузаштани беморӣ, ҳама марҳилаҳоро хуб паси сар кардааст."Ҳамза Тиллозода, ки 4 сол дорад ва тақрибан ду сол боз аз бемории саратони байзатайн (эмбриональная карцинома) ранҷ мекашад, аз рӯзи 2 август дар бемористони "Медипол Мега” дар шаҳри Истанбул таҳти муроқибати табибони саратоншиноси турк қарор дорад. Ӯ то ҷарроҳӣ чанд давраи химиотерапияро пушти сар кард.Қазияи Ҳамза Тиллозода, ки бо вуҷуди бемории саратон аз имкони сафар барои табобат дар хориҷи Тоҷикистон маҳрум буд, моҳи июл бо пахши гузоришҳо ва аксҳо аз вахомати шадиди саломатии Ҳамза, расонаӣ шуд. Мақомоти Тоҷикистон Мижгона Зайниддинова, келини раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро ҳамроҳи се фарзандаш аз соли 2015 ба ин тараф иҷозати хуруҷ аз кишвар намедоданд.Баъди нашри гузоришҳо ва аксҳо, маъракаи густардае ба ҳимоят аз ҳаққи Ҳамза Тиллозода барои табобат дар хориҷи Тоҷикистон ба роҳ андохта шуд. Дар чандин шаҳри Аврупо бо талаби додани иҷозати сафар барои табобат ба ин кӯдак ва модараш флешмобу намоишҳои эътирозӣ доир шуд ва дар Интернет зери петитсия ба президент Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи Ҳамза Тиллозода беш аз 140 ҳазор нафар имзо гузоштанд.Мақомоти Тоҷикистон ба дунбол эълон карданд, ки ҳеҷ мониае барои сафари Ҳамзаву модараш ба хориҷ вуҷуд надорад ва мушкил дар ин аст, ки онҳо шиноснома надоранд. Рӯзи 1 август ОВИР – Хадамоти сабти ном ва шиносномадиҳии ВКД Тоҷикистон ба Ҳамзаву модараш шиносномаи хориҷӣ дод ва онҳо алакай субҳи 2 август ба Истанбул парвоз карданд.Ду хоҳари Ҳамза – Сабрина ва Фараҳноз – дар Тоҷикистон монданд. Модари Ҳамза гуфта буд, барояш чизе муҳимтар аз саломатии фарзандаш нест ва аз ин рӯ, омода ҳаст, ду кӯдаки дигари худро ҳамчун кафолати бозгашташ дар Тоҷикистон бигузорад.

general.images