Ҷаноби вазир, бесаводии шумо аз гапзаданатонро бовар кунем, ё таърифи дурӯғатон аз таёр кардани садҳо номзади илмро!?

Нуриддин Саид гуфт, "Тамоми умр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз фалсафа ва мантиқ бо забонҳои тоҷикиву русӣ дарс додаам. Садҳо шогирду дастпарвар дорам.

Як зарбулмасале ҳаст, ки мегӯяд: “Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на инки аттор бигӯяд”. Маънои ин зарбулмасал ин аст, ки одам агар савод дошта бошад, аз тарзи муошират, сӯҳбат, рафтор ва кирдори ӯ босаводиаш маълум мешавад. Аммо шахсе агар бесавод бошад, вале аз худ ҳазорон таърифу тамҷид карда - гӯяд ман даҳҳо китоб навиштаму садҳо мақолаи илмӣ навиштаму ҳазорҳо номзади илм таёр кардам – дурӯғи шохдоре аст, ки пинҳон карданаш фоида надорад.Вазири маориф ва илми “беилми” Тоҷикистон, Нуриддин Саид мушки зарбулмасал аст, ки худ бӯйида аст ва ҳамон тавре ки мегӯянд, “чизе ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест”, сӯҳбати ӯ бо русӣ, ки дар сатҳи ҷаҳон пахш шуд, бесаводӣ, бефарҳангӣ ва дурӯғгӯ будани ӯ дар иддаои даҳҳо мақолаи илми навиштааш ва даҳҳо номзади илм таёр карданашро ба ҳама ошкоро маълум кард. Ҳукумати Тоҷикистон бо доштани ин тавр вазирон, ки аз зоҳиран ҳамаашон ҳамин ҳолро доранд, аз фақру камбағалӣ ки даҳ солаҳо номи Тоҷикистонро дар ҷаҳон машҳур карданд, ин бор аз бесаводию бефарҳангӣ ва нутқи шикастаю занандаи худ бори дигар номи Тоҷикистонро дар ҷаҳон паст заданд ва обрӯи миллати тоҷикро зери суол бурданд.Вазири маориф, Нуриддин Саид, ба ҷои инки омада аз мардум бахшиш пурсад, ки номашонро дар ҷаҳон паст зад, бо камоли бешармӣ худашро алломаи даҳр бароварду дар дифоъ аз худ обрӯи номзадҳои илми Тоҷикистонро “як тин” кард; чароки чунин одами бесаводе чӣ тавр даҳҳо мақолаи илмӣ навишта ва садҳо номзади илм таёр кардааст? Касеро ки ӯ номзади илм карда бошад, ҳатман бесаводтару бефарҳангтар аз худи ӯ хоҳад буд; чароки қоидаи имлӣ мегӯяд: “зоте ки набошад ҳастибахш, кай тавонад, ки шавад ҳастибахш”. Оқилро ҳамин як ишора бас аст.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба даҳҳо интиқоди интернетӣ дар мавриди сатҳи русидонии ӯ вокуниш кард ва гуфт, "ҳамагуна талоши беобрӯ кардани як узви ҳукумат беобрӯ кардани ҳукумат аст". Нуриддин Саид рӯзи 21-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шояд ба андозаи Толстой ва Солжинитсин забони русиро надонад, "аммо бо ин забон хуб гап мезанад". Ӯ дар идома меафзояд: "Тамоми умр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз фалсафа ва мантиқ бо забонҳои тоҷикиву русӣ дарс додаам. Садҳо шогирду дастпарвар дорам. Ду рисолаи докториро роҳбарӣ карда, хондам ва таҳрир намудам. Ҳамчун шаҳрванди хориҷии Русия бо ин забон хуб гап мезанам".Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images