Ҷанги Раҳмон бар зидди Худо давом дорад; масҷиди дигаре дар Ҳисор табдил ба мактаб шуд

Шӯъбаи маорифи шаҳри Ҳисор масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи ҷӯгиён дар ноҳияро ба мактаби ибтидоӣ табдил дод.

Сомонаи Радиои Озодии бахши тоҷикӣ имрӯз (22 сентябри 2018) мақолаеро бо титри “Ба ҷойи ибодат -таҳсил. Масҷиди ҷӯгиёни Ҳисор мактаб шуд” пахш кард, ки ҳикоят аз он дорад, ки масҷид-ХОНАИ ХУДО дар Тоҷикистон ҳар рӯз мавриди ҳамлаи режими Раҳмон қарор мегирад. Ҷанге ки режими Раҳмон, хоссатан Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов алайҳи ҳазрати Аллоҳ, дини Ислом ва масҷидҳо даҳ сол пеш (ба гуфтаи Озодӣ) оғоз кард ҳанӯз давом дорад ва бо гузашти беш аз даҳ сол ҷанги худ алайҳи Худоро шадидтар низ кардааст.Ҳамаи инсонҳо ба таъбири Қуръон “фитрӣ” ба дунё меоянд ва фитратан Худоҷӯй ҳастанд, ҳатто агар волидайнаш яҳудию насронию маҷусию будоию бедину мулҳид бошанд. Аммо дар асари баъзе аз амалҳо бо гузашти замон инсон табдил ба ҳайвоне мешавад, ки зидди Худо шуда, ғайр аз шикаму зери шикамаш дигар ҳеҷ чизро намефаҳмад. Инсон дар асари зиёдии гуноҳ, кибр, ғурур, мастию шаҳватронию пулпарастию дунёдӯстӣ табдил ба душмани Худо шуда, алайҳи Худо ба ҷанг бармехезад. Дар баъзе маворид низ гуфта шудааст, ки инсоне ки ҳарромзода ва валадуз-зино бошад ва аз роҳи зино ва ҳаром ба дунё ояд, шайтон дар ӯ ба осонӣ нуфуз карда, султа пайдо мекунад ва ӯро бандаи худ ва душмани ашаддии Ислому Аллоҳ мегардонад. Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов бо ин душмание, ки бо Худо доранд, бидуни шак валадуз-зино буда аз зино ба дунё омада, дар асари гуноҳони фаровон ва дунёпарастию шаҳватронӣ душмани ашадди Ислому Худо гаштаанд (валлоҳу аълам)!Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, шӯъбаи маорифи шаҳри Ҳисор масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи ҷӯгиён дар ноҳияро ба мактаби ибтидоӣ табдил дод. Ҳамакнун дар ин мактаб хонандагони синфҳои 1 ва 2 таҳсил хоҳанд кард. Бархе сокинони маҳалла мегӯянд, ки баъди ба синфхона табдил шудани масҷид, онҳо дигар ҷое барои баргузории маросимҳои ҷаноза надоранд.Мақомот дар Тоҷикистон, ки солҳои охир назорат бар ҳаёти динии мардумро шадид кардаанд, фаъолияти бодатгоҳҳои ғарирасмиро мамнӯъ эълон карданд. Биноҳои аксар маконҳоеро, ки дар гузашта ҳамчун масҷид истифода мешуданд, ба мактабу макони зисти муваққатии афроди бехона табдил доданд.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images