Ҷавонпаҳлавони тоҷик қаҳрамони мусобиқоти Ҷоми ҷудои Урупо шуд

Мусобиқоти куштии "Tula Cadet European Cup-2017" бо ширкати беш аз 200 ҷудокори навҷавон бар шаҳри Тула баргузор шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Спутник, ҷавонпаҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 81 килуграм Қаҳрамони Ҷоми ҷудои Урупо шуд. Дар мусобиқоте ки дар шаҳри Тула дирӯз, 1 апрел баргузор шуданд, Ҷаҳонгир дар оғоз бар ҳамоварди нерӯмандаш аз Русия пирӯз шуд ва сипас баҳодури қазоқро шикаст дод. Дар зӯрозмоии ниҳоӣ дар вазни 81 килуграм ӯ бо паҳлавони тануманди гурҷӣ дасту панҷа нарм кард ва ӯро дар охирин сонияҳо ба тахтапушт хобонд. Ҷаҳонгир Маҷидов як моҳ пеш низ дар мусобиқоти Ҷоми Урупо дар шаҳри Анталия медали нуқра ба даст оварда буд. Ин ҷавонпаҳлавони тоҷик дар раддабандии вазни 81килуграм дар ҷаҳон мақоми аввалро дорад. Дар мусобиқоти куштии Ҷоми Урупо дар шаҳри Тула дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон иборат аз Муҳаммадсино Баҳодурзода (55 кг), Фаррух Файзализода (55 кг), Сафарғанӣ Қурбонбеков (60 кг), Сироҷиддин Бобоев (60 кг), Абдулло Неъматов (66 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (66 кг), Суруш Тавакалов (66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (81 кг), Хушвахт Идиев (81 кг), Меҳроб Тағоймуродов (81 кг), Масъуд Мунавваров (90 кг) ва ба раҳбарии Рускидин Раҷабов ширкат кард.

general.images