Ҷавони тоҷик: Зарбаи ман наметавонист, боиси марги Спиридонов шавад (ВИДЕО) Имрӯз, 12:50 Кумитаи тафтишотии вилояти Челябинск таҳқиқоти парвандаи ҷин

Кумитаи тафтишотии вилояти Челябинск таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи Комил Ҷамилов, зодаи 22-солаи Тоҷикистонро, ки дар марги Виталий Спиридонов, раҳбари ҳаракати мухлисони дастаи хоккейи “Трактор”-и Челябинск муттаҳам мешавад, ба анҷом расондаст.

Ба иттилои Владимир Гупенко, масъули Кумитаи тафтишотӣ, зимни тафтишот муттаҳам гуноҳашро танҳо қисман иқрор кардааст: “Ҷамилов мегӯяд, ду зарбаи ӯ наметавонистанд, ки боиси марги Спиридонов шаванд. Аммо ташхиси тиббӣ нишон дод, ки зарбаҳои муттаҳам марговар будаанд. Феълан парванда ба додгоҳ ирсол шудааст”.Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, Ҷамилов инчунин дар расондани зарари ҷисмонӣ ба ду нафаре муттаҳам мешавад, ки ӯро таъқиб карда, хостаанд боздошт кунанд: “Ҷамилов ба ҷоғи ин ду нафар ҳам як зарбаӣ задааст”. Виталий Спиридонов, раҳбари ҳаракати мухлисони дастаи хоккейи “Трактор”-и Челябинск, ки бо зарби як мушти тоҷиктаборе аз пой афтида буд, 19 августи соли гузашта ба ҳалокат расида буд. Ба иттилои расонаҳо, қазия соати 4-и субҳи 4 август дар назди майхонаи “Топка”-и Челябинск сурат гирифтааст: “Миёни мухлисони “Трактор” ва гуруҳи ҷавонон муноқиша сар задааст. Ҷонибҳо барои ҳалли қазия ба беруни майхона баромадаанд”.Дар навори сабткардаи дурбинҳои майхона дида мешавад, ҷавони кулоҳпӯш, ки гуфта мешавад Ҷамилов аст бо як зарба Спиридонови 37-соларо аз пой меафтонад. Гуфта мешавад, баъди афтидан сари Спиридонов осеб дида, ба беморхона интиқол ёфтааст. Шаби 11 ба 12 август дар пайи амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Челябинск ва Хадамоти федералии амният - “ФСБ” Комил Ҷамилов боздошт гардида буд. Расонаҳои русӣ мегӯянд, Ҷамилов шаҳрвандии Русияро дошта, дар Челябинск ба сар мебарад: “Ӯ муҳорибаҳои бидуни қоидаро машқ мекардааст”. 

general.images