Ҳушдори раисҷумҳури Озарбойҷон ба Арманистон

Ба рағми тавофуқномаи барқарории оташбас дар минтақаи Қаррабоғ, даргириҳо дар ин минтақа идома ёфтааст. Хушунатҳо дар ин минтақа рӯзи шанбеи гузашта шиддат ёфт ва Боку ва Ереван якдигарро ба иқдомоти хусуматомез муттаҳам карданд.

Ба рағми тавофуқномаи барқарории оташбас дар минтақаи Қаррабоғ, даргириҳо дар ин минтақа идома ёфтааст. Хушунатҳо дар ин минтақа рӯзи шанбеи гузашта шиддат ёфт ва Боку ва Ереван якдигарро ба иқдомоти хусуматомез муттаҳам карданд.Ба гузориши хабаргузории Мизон, Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон рӯзи шанбе (9-и апрел) зимни ҳушдор ба Арманистон дар паи бурузи таниш дар минтақаи нагорний Қаррабоғ таъкид кард, ҷумҳурии Озарбойҷон ҳаргиз иҷозаи эҷоди давлати армании дигареро дар хоки худ намедиҳад.Изҳороти Илҳом Алиев дар ҳолест, ки Вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард, низомиёни озарӣ пас аз ҳамалоти тарафи муқобил оташ гушудаанд.Арманистон низ ҷумҳурии Озарбойҷонро оғозгари нақзи оташбас муаррифӣ кардааст. Бино бар ин гузориш, дар паи кушта шудани даҳҳо тан дар ҷарёни даргириҳои 48 соата миёни нерӯҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ва ҳамчунин ҷудоиталабони армании сокини Қаррабоғ, тарафайн рӯзи сешанбеи гузашта бар сари оташбас тавофуқ карданд. Пеш аз ин, Вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон оташбаси яктарафа эълом карда буд.  Бо вуҷуди ин Вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард, Арманистон мавозеи он кишвар дар минтақаи Қаррабоғро бо таслеҳоти мухталиф аз ҷумла хумпора ҳадаф қарор медиҳад.Ба гузориши хабаргузории Спутник, бино бар эъломи Вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон, артиши Арманистон бо истифода аз гулулаҳои хумпора, норанҷакандоз ва мусалсал мавозеи ҷумҳурии Озарбойҷонро дар хутути тамос дар минтақаи Қаррабоғ ҳадаф мегирад.Дар ҳамин ҳол масъулони дифоии ҷумҳурии худхондаи Қаррабоғ рӯзи шанбеи гузашта зимни тарҳи иттиҳомҳои мушобеҳ ба тарафи озарӣ эълом карданд, ҷумҳурии Озарбойҷон бо шиллики хумпора, оташбас миёни ду тарафро нақз кардааст.Шоёни зикр аст, ки мутаоқиби изҳороти Илҳом Алиев, Артур Расизода, нахуствазири ҷумҳурии Озарбойҷон низ бар ҳалли муноқишаи Қаррабоғ таъкид кард.Ба гузориши рӯзи шанбе (9-и апрел)-и хабаргузории Анатолия, Артур Расизода таъкид кард, муноқишаи Қаррабоғ бояд дар чорчуби музокироти сулҳ бо Арманистон ва бо дар назар гирифтани тамомияти арзии ҷумҳурии Озарбойҷон ҳаллу фасл шавад.Вай дар айни ҳол талоши Русияро ба манзури поён додан ба муноқишаи Қаррабоғ сутуд ва гуфт, Маскав дар ин роҳ гомҳои амалӣ бардоштааст. Расизода афзуд, бартараф шудани муноқишаи Қаррабоғ бар фазои кулли минтақа таъсир бар ҷой хоҳад гузошт.Тамомии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ тарафайни мутахосим дар ҷарёни муноқишаи Қаррабоғро ба хештандорӣ ва поён додан ба даргириҳо фаро хондаанд. Дар ин миён давлати Туркия ба баҳонаи даргирии нерӯҳои озарӣ ва арманӣ, ваъдаи ҳимоятҳои низомӣ ба ҷумҳурии Озарбойҷон дар сурати тадовуми ҷанг бо Арманистонро эълом кард. Ин мавзеи давлати Туркия бо вокунишҳои расмии давлати Арманистон, шибҳнизомиёни армании Қаррабоғи кӯҳистонӣ ва ҳамчунин давлати Русия мувоҷеҳ шуд.  

general.images