Ҳукумат исмҳои раҳбарони ғайрирасмии Бадахшонро ба унвони гурӯҳҳои ҷиноятпеша иълом кард

Пас аз як моҳи даъвои раисҷумҳур мабнӣ бар ин, ки Бадахшонро чанд гурӯҳи ҷинояткор ба дод овардааст, билохира мақомот номҳои онҳоеро эълон карданд, ки гӯё саркардаҳои ин гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, пас аз як моҳи даъвои раисҷумҳур мабнӣ бар ин, ки Бадахшонро чанд гурӯҳи ҷинояткор ба дод овардааст, билохира мақомот номҳои онҳоеро эълон карданд, ки гӯё саркардаҳои ин гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳастанд. Қаблан борҳо ба онҳо таҳдид шуда буд, аммон номҳояшон эълон намешуд. Хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон “Ховар” бо эълони номи 5 нафар аз номи Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният бори дигар ба онҳо таҳдид кардааст, ки дар сурати насупоридани силоҳҳо ба мақомот “нисбати онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ мегардад”. “Бояд зикр кард, ки ба ҳолати то 16-уми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгор Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи дигар ноҳияҳои вилоят 186 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 72 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёт», 2 адад гранатамёт, 1 адад комплекси зенитӣ, 37 адад «Таппонча», 11 адад «Карабин», 47 адад дигар намуди силоҳ, 36 адад норинҷак, зиёда аз 4 700 адад лавозимоти ҷангӣ ва 900 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд” — омадааст дар баёния.Ситод ба ин назар аст, ки ҳанӯз жар дасти гурӯҳҳо силоҳҳои зиёде боқӣ мондаанд: “Бо вуҷуди мусодира гардидани ин миқдор силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ то ҳанӯз дар дасти саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ашхоси алоҳида шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад”.Ва таҳдид кардааст алайҳашон чора хоҳад андешид: “Аз ин лиҳоз, Ситоди байниидоравӣ қотеъона талаб менамояд, ки тамоми силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ супорида шавад. Дар сурати аз тарафи саркардагону аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, шахсони алоҳида то ба охир насупоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ нисбати онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ мегардад”.Дар ҳамин ҳол яке аз онҳое, ки номаш дар ин рӯйхат омадааст — Толиб Айёмбеков давоми як моҳи амалиёти мақомоти амниятӣ бо онҳо ҳамкорӣ кардааст. Ӯ гуфтааст силоҳҳоро ҳанӯз соли 2012 ба мақомот таслим карда, айни ҳол ҳеҷ силоҳи наздаш вуҷуд надорад. Ҳамчунин саркардаи кадом гурӯҳе будани худаш, Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Ёдгор Мамадасламовро инкор кардааст.Бо вуҷуди сар назадани ҳеҷ хушунате аз тарафи нафарҳои номбаршуда ва ҳамкории онҳо бо мақомот, эълони номи онҳо ва таҳдид алайҳашон метавонад ба ин маънӣ бошад, ки ба зудӣ алайҳи онҳо иқдоме сурат хоҳад гирифт. Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон мегӯяд ин баёнияро мешуд мунтазир буд. Ӯ дар посух ба суоли Паём “эълони номи «саркардаҳои гурӯҳи ҷиноӣ дар Бадахшон» ба чӣ маънӣ метавонад бошад?” гуфт:“Ин натиҷаи мантиқии амалкардҳои ахири марказ дар Бадахшон. Чи хеле, ки пештар гуфта будем, ин баёния ҳам идомаи ҳамон ҷанги иттилоотии Ятимов дар муқобили Бадахшон аст ва аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мо дар пешорӯи шояд ҷиддитарин хатари амниятӣ аз соли 1992 ба ин сӯ қарор дорем”.

general.images