Ҳукумати Тоҷикистон ба фикри ғорати сармояи тоҷикони хориҷ аз Тоҷикистон афтодааст

Тоҷикистон дар садади таъсиси як фонди махсусе, ки қарор аст барои ҷалби кӯмак ва сармояи тоҷикони бурунмарзӣ боз шавад, баромадааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Паём, Тоҷикистон дар садади таъсиси як фонди махсусе, ки қарор аст барои ҷалби кӯмак ва сармояи тоҷикони бурунмарзӣ боз шавад, баромадааст. Дар ин бора мақомот дар нишасте, ки бо ширкати намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ баргузор шуд, эълон карданд.Тибқи гуфтаи мақомот, муассисони ин фонд ҳукумат ва ҷамъиятҳои тоҷикон дар хориҷ хоҳанд буд. Маблағҳои кӯмак ва сармоягузории тоҷикони бурунмарзӣ дар ин сандуқ ҷамъоварӣ шуда, онро шӯрои назоратӣ идора хоҳад кард.Қаблан ҳам мақомот аз муҳоҷирони тоҷик хоста буданд дар сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар ширкат кунанд. Худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз муҳоҷирон ва сармоядорони тоҷик дар хориҷ даъват карда буд маблағҳои худро дар иқтисоди Тоҷикистон сафарбар намоянд.Аммо то чӣ ҳад тасмими нави мақомоти Тоҷикистон кор хоҳад дод, суоли матраҳ боқӣ мемонад. Мақомот мегӯянд эътимоди қобили таваҷҷӯҳ, ки тоҷикони бурунмарзиро ба сармогузорӣ водор кунад, байни давлат ва ҷамъиятҳои тоҷикон дар берун вуҷуд надорад ва бояд барои таҳкими он кор кард.Чаро сармоядорони тоҷик ба Тоҷикистон сармогузорӣ намекунанд?Диловар Қурбонов, як сармоядори тоҷики муқими Маскав, ки корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои чӯбиву пластикӣ дорад, мегӯяд ба ҳеҷ ваҷҳ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ нахоҳад кард.“Гап дар дӯст доштан ё надоштани ватан нест — мегӯяд ӯ. — Ман даҳ сол пеш ҳамин намуди корхонаро дар Тоҷикистон доштам. Даромадам 10 фоизи корхонаи ҳозираам дар Русия ҳам набуд. Вале дар ватан, назди падару модар гуфта, қаноат мекардам. Вале тафтишу ҷаримаву андозситонӣ ба ҷонам зад. Ҳафтае нест, ки аз мақомоте наоянд. Ҳамааш ҳақ талаб мекунад. Андозро барои 4-5 моҳ пеш мегиранд. Ҳанӯз маълум нест, ки 4 моҳ пас кор мекунӣ ё не, вале андозро аллакай гирифтаанд”.Ҳастанд сармоядороне, ки чанд сол қабл аз Тоҷикистон фирор кардаанд. Яке аз онҳо, ки бо далелҳои маълум нахост номаш зикр шавад, гуфт ба воридоти керосин барои тайёраҳо ва бензину солярка машғул буд.“Воридоти керосинро Ҳасан Асадуллозода монополия кард. Ба бензину солярка қаноат кардем, вале каме пас онро Шамсулло Соҳибов монополия кард. Дар Тоҷикистон касе ҳақ надорад бе иҷозати ӯ сӯзишворӣ ворид кунад. Барои гирифтани иҷозати домоди президент бояд 4% аз нархи ҳар литри воридмекардаат ба ӯ ҳақ диҳӣ. Бо ҳамин роҳ ҳам кор карда мешавад, вале ягон кафолате, ки як рӯз Соҳибов тамоми амволатро кашида мегирад, вуҷуд надорад” — мегӯяд ӯ. Тақдири Зайд Саид ва Раҷабалӣ Одинаев

general.images