Ҳукумати Тоҷикистон ба САҲА “буқа” равон кард!!! Оё мешавад ба ҳукумат бовар дошт

Ҳукумати диктатории Тоҷикистон дар тули 26 сол ҳукумрониаш ба чашми мардуми худ ва ҳамчунин ҷомеъаи ҷаҳонӣ хок пошида ҷиноятҳои худро пинҳон мекунад, вале ҳар аз гоҳе шоҳидон парда аз чеҳраи сиёҳи ин ҳукумат канор мезананд.

Вақте ки як кишвар ва ё ҳукумат мехоҳад ба кишвари дигар сафир ва ё намоянда бифиристад, дар аввалин фурсат касонеро интихоб мекунад, ки аз ҷиҳати илм, фарҳанг, одобу ахлоқ беҳтарин бошад. Зеро намояндаи ҳукуматҳо ба ҷои худи ҳукуматҳо ҳастанд ва ҳар ҳарфу рафторе ки бигӯянд ва анҷом диҳанд гуё худи он ҳукумат анҷом додааст. Ҳукумати диктатории Тоҷикистон дар тули 26 сол ҳукумрониаш ба чашми мардуми худ ва ҳамчунин ҷомеъаи ҷаҳонӣ хок пошида ҷиноятҳои худро пинҳон мекунад, вале ҳар аз гоҳе шоҳидон парда аз чеҳраи сиёҳи ин ҳукумат канор мезананд.Чанд муддат пеш Маҳмадалӣ Расулов афсари баландмақоми КДАМ, истеъфои худро дар шабакаҳои маҷозӣ эълон кард ва сабабашро ҳам хаста шудан аз ҷиноятҳои ин созмони ҷинояткори КДАМ унвон кард, ки то ба ҳол аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ посухе ба ин эътироф дода нашудааст. Баргардем ба ҷаласаи САҲА, ду намояндае, ки ҳукумати Тоҷикистон ба САҲА фиристоданд як бори дигар чеҳараи воқеии ҳукумати Раҳмонро ба намоиш гузошт. Дар видеое, ки дар интернет пахш шудааст мебинем, ки як ҷавони мухолифи ҳукумат ба дасти Аёмиддин Сатторов варақе медиҳад, ки бо он акс (сурат) бигирад, вале як намояндаи ҳукумат варақро аз дасти Сатторов гирифта ба замин мепартояд ва як намояндаи дигари ҳукумат он ҷавони мухолифро зери мушту лагат мегирад. Дар инҷо мехоҳам саволе ки дар боло қайд кардаамро ба таври иҷмолӣ посух гӯям: Аз тарзи бархурди ин ду намояндаи ҳукумат, ки ҳардуяшон бо либосҳои расмӣ буданд чунин натиҷа мегирем: “бархурде ки намояндаҳои ҳукумат бо мухолифонашон карданд ин бархурди худи ҳукумат аст”. Вақте ки намояндаҳои ҳукумат ва он ҳам дар даромадгоҳи созмони ҷаҳонии САҲА, бо мухолифон чунин бархурд мекунанд, бо баргаштани мухолифон ба кишвар намешавад ҷуз шиканҷа ва зиндон аз ин ҳукумат чизе дигар интизор дошт. Пас ҳукумате ки на аз илму фарҳанг чизе мефаҳмад ва на одобу ахлоқ дорад ва ба қавли ҷавонони тоҷик “буқа” ҳастанд, наметавонад қобили итминон бошад.Хабарнигори Восток-нюз: Каримов Далер.

general.images