Ҳиммати як зани камбағали ватандӯст болотар аз шарафу мардонагии Э.Раҳмони миллиардери ватанфурӯш!

Дар ноҳияи Ашт "Турсунбибӣ Одибоева, зани ватандӯст барои бунёди пули мошингузар беш аз 40 000 сомонӣ маблағ сарф намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон миллиардере аст, ки пулҳои миллиардии худро ба лутфи якояки аҳолии Тоҷикистон ба даст овардааст. Бо гадоие ки ба номи аҳолии Тоҷикистон, вале ба коми худ анҷом дода, то бо ҳол фақат аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ду миллиард доллар дарёфт кардааст. Илова бар ин аз кишварҳои мухталифи хориҷа дар муддати 26 соли президентӣ беш аз 5 миллиард доллар ба даст оварда, ки пули Арабистон агар ба он афзуда шавад ба беш аз 6 миллиард доллар мерасад.Илова бар дарёфти пулҳои кӯмакҳои инсондӯстона, ки ҳар сол онро дарёфт мекунад, фурӯши 1100 киллометри Тоҷикистон ба Чин, иҷораи пойгоҳи низомии 201 Русия, фурӯши конҳои тилло ба чиниҳо, фаронсавиҳо, итолиёиҳо, русҳо ва ангилчанҳо, фурӯши вазифа, ки то ба ҳол метавон тахмин зад, ки миллиардҳо доллар ба ҷайб задааст, гирифтани саҳмияи Роғун, ки аз ҳар нафаре 100 сомонӣ ва аз ҳар мағозадоре 5000 сомонӣ, ва аз ширкатҳои гуногун масалан аз роҳи оҳан, ки раиси он Ҳукумов буд 180 миллион доллар саҳмия гирифта буд. Ҳамаи ин ҳисобҳоро агар инсон ҷамъ кунад, маблағи ҳосиларо байни 15- 20 миллиард доллар метавон тахмин зад.Бо вуҷуди ҳамаи ин пулҳо, миллардҳо доллар ва даромадҳои миллиардӣ аз ришвахорӣ, боз ҳам Эмомалӣ Раҳмон як инсони хасису ҳарису бахил аст, ки як тинро болои яктин монда ҷамъ мекунад ва ҳаргиз ҳозир намешавад, ки барои кишвар як ободие монанди сохти корхона ва ё ҳатто як пули мошингузар барои инки мардум аз ранҷу азоб раҳо шаванд намесозад.Аммо як зани камбағали ватандӯсти тоҷик пулҳое ки фарзандонаш бо хуни ҷигар, арақи пешонӣ ва кори ҳалол дар Русия меҳнат кашида кор карда, барояш мефиристанд, ҷамъ карда, купруки як минтақаро ки ба ҳазорон кас фоида мерасад сохта додааст. Давлат бошад, мегӯяд пули нафақаро ҷамъ карда бо 40000 сомонӣ купрук сохтааст. Медонем ки дурӯғ аст; чароки як нафақа агар 200 сомонӣ бошад - ки онро ҳам давлатмардон ба нафақахӯрон намедиҳанд ва ҳаққи нафақахӯронро хӯрда, ниме аз онро шояд ба онҳо диҳанд – 20 сол лозим аст то 40 000 сомонӣ ҷамъ шавад, он ҳам ба шарте ки 200 сомониро давлатмардон ба ин зани нафақахӯр комил диҳанд ва ӯ низ дар ҳеҷ ҷо харҷ накарда, ҷамъ кунад ва баъд аз 20 сол ба 40 000 сомонӣ мерасад. Дар ҳоле ки бибиҳои тоҷик даҳҳо набера доранд ва барои набераҳояшон ҳарчиз харида медиҳанд ва ё барои масрафи шахсии худ истифода мебаранд.Пас, метавон гуфт, ки ин зани шердили ватандӯст мардтар аз Эмомалӣ Раҳмони миллиардери хасис аст ва Эмомалӣ Раҳмон як занак аст. Ин зан тавонист бо пули андаке ки бо меҳнати ҳалоли фарзандонаш ҷамъ карда буд, аҳолии як деҳаро бо сохтани купрук хурсанд созад ва хонаи охирати худро обод гардонад, аммо Эмомалӣ Раҳмони миллиардери хасис пулҳоро бештар ҷамъ карда ба ҳисоби шветсарии худ мерезад, то бимирад ва он пулҳо насиби шветсариҳо шавад. Худованд ба ин модарзани шерзани тоҷик обрӯю саломатию охирати обод диҳад ва Эмомалӣ Раҳмони миллиардери хасисро ба дарак восил гардонад!Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Спутник, ҳаштуми августи соли ҷорӣ дар деҳаи Бободархони Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт "Турсунбибӣ Одибоева, зани ватандӯст барои бунёди пули мошингузаре, ки 13 метр дарозӣ ва 5 метр паҳноӣ дорад, беш аз 40 000 сомонӣ маблағ сарф намудааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ. Мавриди зикр аст, ки ин пули мошингузар маркази ноҳияро бо деҳаҳои Муломир ва Кӯлихоҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон мепайвандад.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images