Ҳақорату дашному дағалӣ, сиёсати Э.Раҳмон ва мансабдорони Тоҷикистон

Дар расонаҳо тақрибан ҳар рӯз мебинем ки соҳибмансабе, судяе, раисе, директоре, муаллиме ва.... мардумро аз модар ҳақорат карда дашном медиҳанд.

Соҳибмансабони Тоҷикистон ва дар раъси онон худи Эмомалӣ Раҳмон касонеанд, ки дар даҳонашон фақат ҳақорати хоҳару модар аст ва бо ҳақорату дашном худро раис меҳисобанд. Дар Тоҷикистон ҳар касе ки вазифа ва мақоме дорад халқро ғуломи худ дониста аз модару хоҳар ҳақорат мекунад. Ин як одатест ки Э.Раҳмон онро асос гузошт ва тӯли 25 сол халқ аз ин соҳибмансабон ғайр аз ҳақорату дашном чизи дигаре нашунидаанд. Ҳақорат кардану носазогӯӣ байни вазифадорон чунон оддӣ аст, ки раисҳо ҳатто дар ҷаласаҳои расмиашон низ зердастонашонро ҳақорати модарӣ мекунанд.Дар расонаҳо тақрибан ҳар рӯз мебинем ки соҳибмансабе, судяе, раисе, директоре, муаллиме ва.... мардумро аз модар ҳақорат карда дашном медиҳанд. Эмомалӣ Раҳмон ки худ дашномдеҳу ҳақоратчӣ аст ва вазирону вакилони худро ҳақорат мекунад, онҳо низ аз ӯ ёд гирифта, қаҳрашонро бар сари халқи бечора холӣ мекунанд ва мардумро ҳақорат мекунанд.Раиси ноҳияи Фархор, ки соҳибмансаб аст мардумро ошкоро аз модар ҳақорат карда суханони қабиҳе бар забон меорад. Ин тарбияти Э.Раҳмони палиди хабис аст, ки ҳамаи соҳибмансабон аз ӯ пайравӣ карда мардуми бечораро ҳақорат мекунанд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, ба дасти сомонаи "Ахбор” сабти сӯҳбати раиси ноҳияи Фархор Сулаймон Вализода дар як ҷаласа расид. Вализода дар ин ҷаласа зердастонашро барои иҷро накардани "план”-и ҷамъоварии фитри рӯза бо як лаҳни тунд танқид карда, онҳоро бо дашномҳои қабеҳ, мисли "к...и занта фалон мекунам, к...и очата фалон мекунам.””, "мегирам дар к...атон мезанам” , "ҳаромхӯр”, "лаънатӣ” таҳқир мекунад.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images