Ҳақиқатҳое дар бораи Рустами Эмомалӣ аз забони шахси наздик ба оилаи Э.Раҳмон

Рустами Эмомалӣ, ки ба фарзанди калонии писари Эмомалӣ Раҳмон шинохта мешавад ва имрӯзҳо бо шаҳрдории Душанбе сархатти хабарҳои Тоҷикистон қарор мегирад, ҳақиқатҳо дар борааш гуфта нашуда ва намешавад. Аммо мо бо таваҷҷуҳ ба манбаъе ки шабонарӯз бо ин оила сарукор дорад дар иртиботем, ҳақоиқеро оид ба Рустами Эмомалӣ тақдими хонандагон мекунем. Ногуфта намонад, ки манбаъи мақола яке аз шахсиятҳои машҳурест, ки ба оилаи Раҳмон хело наздик аст. Дар ҳоли ҳозир номаш фош намешавад, аммо вақташ ки расад ному насаби манбаъ низ тақдими хонандагон мегардад.

Ҳақоиқи гуфтанашуда дар бораи Рустами Эмомалӣ

1.Рустами Эмомалӣ, фарзанди хоҳари Э.Раҳмон аст, на худи Э.Раҳмон;

Эмомалӣ Раҳмон ҳарчӣ талош мекард фарзанди писар ба дунё биёрад натавонист ва ҳамаи фарзандонаш духтар буд. Ба ҳамин хотир писари хоҳарашро таҳти такаффули худ гирифт ва фамилияи ӯро ба номи худ гардонд. Ин писар, Рустами Эмомалӣ аст.

Агар дуруст нигоҳ андозед, возеҳ ва равшан аст, ки Рустам аз дигар фарзандони Э.Раҳмон фарқ дорад. Ҳамаи духтарони Э.Раҳмон ба худаш ва модарашон монанд аст, ки чашми танг ва пӯсти равшан доранд, аммо Рустами Эмомалӣ ба ягонтаашон монанд нест, на ба Э.Раҳмон, на ба оилаи Э.Раҳмон ва на, ба духтаронаш. Рустам чашмҳои калон калон дорад, дар ҳоле ки духтарони Э.Раҳмон чашмони танг доранд. Рустам сипсиёҳу гандумчеҳра аст, дар ҳоле ки духтарони Э.Раҳмон аксаран зардина ҳастанд ва пӯсти равшан доранд. Ин фарқият худ далеле бар ин аст, ки Рустами сияҳчурда фарзанди Э.Раҳмон нест.

2.Рустами Эмомалӣ, наркоман аст ва зуд зуд хунашро иваз мекунанд;

Манбаи наздик ба оилаи Э.Раҳмон мегӯяд, Рустам монанди “саг” маводди нашъаовари “героин” истеъмол мекунад, ки то ба ҳол чанд бор хунашро иваз кардаанд ва ӯро таҳти муолиҷа қарор додаанд, аммо чӣ тавре ки мегӯянд, “наркоман” дигар одамшуданӣ нест ва ӯ низ дигар одам нашуду даст аз наркоманӣ барнадошт.

3.Рустами Эмомалӣ дорои касалиҳои сангине аст, ки аз ҳама пинҳон мекунанд;

Ба гуфтаи манбаи наздик ба оилаи Э.Раҳмон, Рустам як бемории дил дорад, ки дилаш сахт дард мекунад ва гоҳ гоҳ беҳуш мешавад. Ин бемориро то ба ҳол ба ҳеҷ ҷое нагуфтаанд ва ҳамеша онро пинҳон кардаанд. Аммо рӯзҳои ахир бемории ӯ шадид шудааст ва беҳушшавиаш зиёд шудааст. Яъне зуд зуд беҳуш мешавад. Дар муқоиса бо гузашта, бемориаш бештар шуда, ва рӯз то рӯз бадтар низ шудаистодааст.

4.Зиёд шудани ихтилоф байни Рустаму Озода барои ҳамин нобародарӣ аст

Дар оилаи Э.Раҳмон вақтҳои охир ихтилофу ҷангу ҷанҷол зиёд шудааст, ки далелаш наздик шудани интихоботи президентӣ ва Рустами Эмомалӣ аст. Чароки аз як тараф Озода худро шоистаи президентӣ медонад ва аз тарафи дигар Рустамро бегона (нобародарӣ) медонад, ки худ метавонад баъд аз Э.Раҳмон Рустам бар сари қудрат биёяд, решаи рақибони худро, ки Озода ва дигар духтарони Э.Раҳмон бошанд, бихушконад.

5.Бесаводӣ, камъақлӣ ва шаҳватронӣ вижагиҳои боризи Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ то ба ҳол муваффақ нашудааст бо саводи худ соҳиби диплом шавад. Э.Раҳмон ҳаққи мардумро гирифта ба Рустами Эмомалӣ харҷ кард ва ӯро ба кишварҳои хориҷа ба монанди Русия, Англия ва ғайра фиристод то дарс хонад, аммо ӯ ҳаргиз натавонист дарс хонад чун фаҳму дарку шуури фаҳм надорад ва ҳамеша пулҳои калонро дар бозиҳои шавқоваре монанди қартабозию қиморбозӣ бой медода аст. Яъне кораш ба ҷои дарс хондан беҳудагардию ҳавопарастию мастӣ буда аст. Ба ҳамин хотир ӯ бесаводу камъақл аст ва ҳамеша дар фикри шаҳватронию героинкашӣ аст. Ба гуфтаи манбаъ, Рустам аз героинкашӣ ба дараҷае расидааст, ки ҳатто аз мардонагӣ низ афтодааст ва дигар намтеавонад тадовуми насл дошта бошад.

Дар бесаводии Рустами Эмомалӣ ҳамин бас, ки тамоман гап зада наметавонад ва ба ҳамин хотир аст, ки бо вуҷуди инки масъулиятҳои калоне дар кишвар ва мақоми генералӣ дорад, аммо як бор ҳам суханронӣ накардааст ва ё агар суханронӣ карда бошад, дар коғаз навишта ба ӯ доданд ва ӯ аз рӯи коғаз мехонад, ҳамонтавре ки дар Ютюб аст. Аз рӯи коғаз хондан ва ҳатто салому хушомадгӯиро аз он рӯи коғаз хонданд худ далел бар нотавонӣ аз суханронӣ ва тарс аз беобрӯ шудан аз фош шудани ҷаҳлу бесаводист. Суханронӣ накардани ӯ гӯёи он аст, ки ӯ бесавод аст ва бо сухан кардани ӯ сираш фош мешавад.

Сиддиқи Акбар

general.images