Ҳафт созмони ҳоми ҳуқуқ хостори раҳоӣ духтар ва модари Шабнам Худойдодова аз банди режими Раҳмон шуданд

Ҳафт созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар як баёнияи муштарак аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд ба бастагони як мудофеъи ҳуқуқи инсон иҷозати хориҷ шудан аз кишвар диҳад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ҳафт созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар як баёнияи муштарак аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд ба бастагони як мудофеъи ҳуқуқи инсон иҷозати хориҷ шудан аз кишвар диҳад. Ин созмонҳо хостаанд Фотима Давлатова ва Гулиҷамиламо Худойдодова духтари 10 сола ва модари 65 солаи Шабнам Худойдодова мудофеъи ҳуқуқи инсон битавонанд ба хориҷи кишвар сафар кунанд.Мақомоти амниятии Тоҷикистон рӯзи 4 август ба модар, духтар ва бародари 18 солаи Шабнами Худойдодова ба далели инки номҳои онҳо дар руйхати ашхоси таҳти котуков буд иҷозати хуруҷ аз кишвар надоданд.Онҳо бо фаровардани ин се нафар аз ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Алма-Ато монеъи сафарашон ба Аврупо ва рафтан назди ин ҳомии ҳуқуқи инсон шуданд.Бастагони Шабнам Худойдодова дар идома мавриди бозпурсиҳои тӯлонӣ дар фурудгоҳ қарор гирифтанд ва зери санадҳоеро имзо мондаанд, ки дар он гуфта мешуд ин се нафар ба далели қарор гирифтан дар руйхати ашхоси таҳти кофтуков, аз руйхати мусофирон канор гузошта шуданд.Ин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, Афви байналмилалӣ, Freedom Now, Global Advocates Foundation, Human Rights Watch, the Human Rights Vision Foundation, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки бо нашри як номаи муштарак аз сарнавишти Фотима Давлатова духтари 10 солаи Шабнам Худойдодова изҳори нигаронӣ кардаанд.Ин созмонҳо мегуянд ҳукумати Тоҷикистон бояд билофосила қарори манъи сафари наздикони Шабнам Худойдодоваро бекор кунад.Шабнам Худойдодова зодаи шаҳри Кулоб дар гузашта яке аз узвҳои фаоли созмони "Гуруҳи 24" будааст.Ӯ моҳи июни соли 2015 дар марзи Беларус ва Полша дастгир шуд ва то моҳи феврали соли 2016 дар боздоштгоҳи шаҳри Брест дар интизори парвандаи истирдодаш буд.Ҳукумати Тоҷикистон барои ин фаоли сиёсӣ ба иттиҳоми даъвати оммавӣ ба сарнагунии давлат, парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.Шабнам Худойдодова пас аз раҳоӣ аз зиндон ба Полша паноҳанда шуд ва бо канор рафтан аз фаолиятҳои сиёсӣ аз ҷумла узвият дар "Гуруҳи 24" ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон аз ҷумла кумак ба паноҳҷуёни тоҷик дар ин кишвар машғул шуд.

general.images