Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон ба густариши ҳамкорҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ таъкид карданд

Ҷумҳурии Исломии Эрон  ва Тоҷикистон ба густариши ҳамкорҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ таъкид карданд  Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, ба  нақл аз ИРНА, Иброҳими Худоёр, ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон  дар Тоҷикистон ва Абдулғаффор Абдуҷабборов, мудири раёсати равобити байналмилалии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар Душанбе бо якдигар дидор ва дар бораи чигунагии ҳамкориҳои фарҳангию ҳунарии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва  Тоҷикистон, аз ҷумла иҷрои барномаҳои мухталифи адабӣ - омӯзишӣ ва ҳунарӣ гуфтугӯ карданд. Дар ин дидор муқаррар шуд, ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон  бо ҳузури ҳунармандону фаъолони арсаи фарҳангу адаби Тоҷикистон ҳамроҳи намоиши осору саноати дастӣ ва таҷассумии он кишвар тирамоҳи имсол дар Теҳрон баргузор шавад. Ду тараф ҳамчунин дар бораи барпо кардани Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе аз чаҳорум то шашуми сентябр ва баргузар кардани Ҳамоиши муштараки сулҳу маънавият дар мероси адабиёти Эрону Тоҷикистон  бо меҳвари бузургдошти Рӯдакӣ, Мавлавӣ ва Саъдӣ дар авохири сентябри имсол тавофуқ карданд.

general.images