Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон баргузор хоҳад шуд

Ин замонро Иброҳим Худоёр, ройзани фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон дар дидори дирӯзи худ бо Абдулғаффор Абдулҷабборов, масъули равобити байналмилалии Вазорати фарҳанг муқаррар кардааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар нимаи дуввуми имсол дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд. Ин замонро Иброҳим Худоёр, ройзани фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон дар дидори дирӯзи худ бо Абдулғаффор Абдулҷабборов, масъули равобити байналмилалии Вазорати фарҳанг муқаррар кардааст. Дар ин барномаи фарҳангӣ ҳунармандону фаъолони арсаи фарҳангу адаб ва осори дастӣ ширкат хоҳанд намуд.Дар ин дидор ҳамчунин тавофуқ шудааст, ки тирамоҳи имсол ҳамоиши муштараки “Сулҳ ва маънавият дар мероси адибони Эрон ва Тоҷикистон” баргузор гардад. Ҳамоиши мазкур бо меҳварияти осори Рӯдакӣ, Мавлавӣ ва Саъдӣ баргузор хоҳад шуд.Бузургдошти ин шоирон ва баргузории намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе дар рӯзҳои 14 ва 16-сентябри соли равон аз мавзӯоти дигари ин дидор буд. 

general.images