Ҳамоиши мухолифони режими Раҳмон дар Дортмунди Олмон оғоз шуд

Дар Дортмунди Олмон ҳамоиш бахшида ба 21-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, ки ба ҷанги шаҳрвандии 5-сола дар Тоҷикистон хотима гузошт, оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, бар асоси иттилои сомонаи Паём, дар Дортмунди Олмон ҳамоиш бахшида ба 21-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, ки ба ҷанги шаҳрвандии 5-сола дар Тоҷикистон хотима гузошт, бо қироати оёте аз Қуръони карим ва пахши суруди миллии Тоҷикитсон оғоз шуд.Ба ин ҳамоиш шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд, новобаста аз мавқеъи сиёсӣ ва гароиши мазҳабӣ даъват шудаанд.Қарор аст дар ин ҳамоиш Шарофиддин Гадоев, узви Шӯрои сиёсии ҳаракати Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, фаъоли сиёсӣ Вайсиддин Одинаев, ҳомии ҳуқуқи башар аз Русия Николай Николаев, узви Шърои раҳбарии Анҷумани озодандешони Тоҷикистон Сайидюнуси Истаравшанӣ, раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳомҷон Ёқубов ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ суханронӣ кунанд.Ба назар мерасад мақомоти Тоҷикистон бештар аз ташкилкунандагони ин ҳамоиш дар такопӯянд. Дар остонаи ҳамоиш “Фабрикаи ҷавоб” чанд мақола дар бораи фаъолияти ҲНИТ нашр кард. Раҳбари ҲНИТ-ро ба гирифтани маблағ аз Эрон ва қабули мазҳаби шиъа муттаҳам карданд. Дар мақолаи дигар ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳо террористӣ аз қабили Давлати исломӣ ва Ал-Қоида муттаҳам мешавад, ки ба салафия муттаҳам мешаванд ва алайҳи шиъаён дар Ироқу Сурия меҷанганд.Субҳи имрӯз агентии давлатии “Ховар” мақолаеро нашр крад, ки ба ширкаткунандагони ин ҳамоиш нигаронида шудааст. Дар он гуфта мешавад, ширкаткунандагони ин ҳамоишро аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.Гуфтанист, ки ҳамин гуна ҳамоиш соли гузашта ҳам дар Дортмунд баргузор гашта буд. Дар он мухолифин аз ногузирии эътилоф сухан гуфтанд, аммо ба натиҷаи ниҳоӣ нарасиданд.Ҳукумати Тоҷикистон ҳам маҳз аз таъсиси Иттиҳоди мухолифин ҳарос дорад ва инро чандон пинҳон ҳам намедорад. Барои мисол Сайфулло Сафаров, ҷонишини раиси Маркази таҳқиқоти стротегии назди Раисҷумҳури Тоҷикистон соли гузашта гуфта буд, ки давлати Тоҷикистон аз эҳтимоли таъсиси эътилоф нигарон аст. Ҷаннатуллоҳи Комил, раҳбари намояндагии ҲНИТ дар Олмон дар мусобиҳа бо “Паём” гуфт, ки мисли соли гузашта кормнадони мақомоти амниятии Тоҷикистон ба аъзои хонаводаи ӯ фишор меоранд, то ӯ аз ширктаи дар ин ҳамоиш даст кашад.“Дар ду ҳафати охир кормандони мақомоти амниятӣ ду навор боширкати бародарони ман нашр карданд. Дар ин наворҳо онҳо маро даъват мекарданд, ки ба Тоҷикистон баргардам. Як бародари дигарамро боздошт карданд ва наздик ба ду моҳ аст, ки мо аз ҳоли ӯ ҳеҷ иттилоъе надорем” — гуфт ӯ.Ташкилкунандагони ҳамоиш нақшаи таъсиси Иттиҳоди мухолифинро дар ҳамоиши бахшида ба имзои Созишномаи сулҳ рад мекунанд. Аммо мегӯянд, имкон дорад атрофи ҳамориҳои оянда сӯҳбатҳо анҷом шавад.Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар сӯҳбат бо Паём гуфт: Пас аз ҳамоиш, мизи гирде дар мавзӯи «Ояндаи Тоҷикистон: Ҳокимияти хонаводагӣ ё демократияи миллӣ» баргузор мешавад. Қарор аст коршиносони тоҷик ва фаъолони сиёси аз гурӯҳҳои мухолифин ва шахсиятҳои мустақил ин мавзуъро баҳсу баррасӣ кунанд. Вақте масъали ояндаи Точикистон аст, бешак суҳбат дар мавриди ҳамкориҳо ва фаъолиятҳои муштарак низ сурат хоҳад гирифт.

general.images