Ҳамлаи террористӣ ба парадаи низомӣ дар шаҳри Аҳвози Эрон

Як гуруҳи террористӣ рӯзи шанбе ба режаи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз (ҷануби ғарби Эрон) ҳамла карданд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, бар асоси иттилои расонаҳои Эрон, як гуруҳи террористӣ рӯзи шанбе ба режаи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз (ҷануби ғарби Эрон), ки ба муносибати оғози ҳамлаи Ироқ ба Эрон (бо номи ҳафтаи Дифои Муқаддас) дар ҳоли баргузорӣ буд, ҳамла карданд .Дар ин ҳамла, террористҳо режа (парад) - и Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвозро ба гулӯла бастанд.Бар асоси гузоришҳо дар ин ҳамлаи террористӣ чанд нафар шаҳид ё захмӣ шудаанд.Гурӯҳи террористии “Алаҳвозия” дар фазои маҷозӣ масъулияти ҳамлаи террористӣ дар Аҳвозро бар ӯҳда гирифтааст.Бар асоси иттилои расонаҳои Эрон, бо ҳузур ва вокуниши фаврии нерӯҳои амниятиву интизомӣ, вазъ дар маҳалли режаи Нерӯҳои мусаллаҳ ором аст.Ҳамчунин маҳалли ҳодиса низ дар дасти контрол ва назорати маъмурони амниятиву интизомӣ аст ва нерӯҳои имдодӣ ва ёрии таъҷилӣ низ дар маҳал машғули имдодрасонӣ ба садамадидаҳо ҳастанд.

general.images