Ҳалокати эҳтимолии се тоҷик дар оташсӯзии Сургут

Востокнюз ба нақл аз хабаргузории Азия Плюс: Эҳтимолан се шаҳрванди Тоҷикистон шаби гузашта дар як оташсӯзӣ дар Сургути Русия.

Востокнюз ба нақл аз хабаргузории Азия Плюс: Эҳтимолан се шаҳрванди Тоҷикистон шаби гузашта дар як оташсӯзӣ дар Сургути Русия.

Бино бар иттилооти созмони оташнишонии Сургут дар хиёбони “Островского”−и шаҳри Сургут имшаб контернерҳои борӣ оташ гирифтанд, ки се нафар кушта шуданд, ҳувияти онҳо дар ҳоли шиносоӣ аст.

Лозим ба зикр аст, ки контейнерҳо дар қаламрави бозори «Торговый град» қарор дошт, ки дар он чанд нафар зиндагӣ мекарданд. Таҳқиқот дар бораи инки бар чӣ асосе онҷо зиндагӣ мекарданд ва иллати оташсӯзӣ чӣ будааст давом дорад.

Дар ин гузориш оварда шудааст, ки маҳалли оташсӯзӣ 40 метри квадратӣ будааст. Барои хомӯш кардани оташ 10 воҳиди техникӣ ва 36 нафар коргари Вазорати Фавқулъода машғул буданд.

Муҳаққиқон низ барои таҳқиқу баррасии ин воқеа вориди кор шуданд, ҷасадҳои қурбониёнро ба колбадшикофӣ ва таҳқиқоти тиббӣ фиристодаанд.

Дар ҳамин ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба иттилооти аввалияи ВАО−и маҳаллӣ, кушташудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки дар сохтусозҳои сохтмонҳои шаҳр кор мекардаанд.

general.images