Ҳадаф аз ислоҳияҳои Қонуни асосӣ таи ду даҳа фақат таҳкими қудрати Раҳмон будааст

Натиҷаи ислоҳияҳои воридшуда ба Қонуни асосии Тоҷикистон таи беш аз ду даҳаи ахир, мустаҳкамтар шудани пояҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон будааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, Хабаргузории Азия-Плюс дармақолае ба муносибати шашуми ноябр, рӯзи тасвиби нахустин Қонуни асосииТоҷикистон дар соли 1994, ба баррасии тағйирот ва ислоҳоти воридшуда ба инқонун пардохт. Барасоси ин гузориш, Қонуни асосии Тоҷикистон, ки рӯзи шашуми ноябри соли 1994 вадар миёнаи ҷанги дохилии ин кишвар таи ҳамапурсӣ ба тасвиб расид, дар солҳои1999, 2003 ва 2016 бо тағйироте мувоҷеҳ шуд, ки таҳкими пояҳои раёсатҷумҳурииЭмомалӣ Раҳмон ва биломонеъ шудани интихоби чандин бораи ӯ ба ин симмат муҳимтариннатиҷаи он буд. Ингузориш меафзояд: Дар моҳи сентябри соли 1999 бар асоси ислоҳияи воридшуда баҚонуни асосии Тоҷикистон, давраи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар аз панҷ сол баҳафт сол афзоиш ёфт. Дармоҳи июни соли 2003 ислоҳияи дигаре ба Қонуни асосии Тоҷикистон ворид шуд, киҳузури Эмомалӣ Раҳмонро дар қудрат бидуни маҳдудият кард. Саранҷомдар 22-и майи имсол бо баргузории як ҳамапурсӣ, Қонуни асосии Тоҷикистон боридигар мавриди тағйир ва ислоҳ қарор гирифт, ки ба муҷиби он, Эмомалӣ Раҳмонунвони "Пешвои миллат"-ро дарёфт кард ва синни номзадҳои интихоботираёсатҷумҳурии ин кишвар аз 35 сол ба 30 сол коҳиш ёфт. Охиринислоҳияи Қонуни асосии Тоҷикистон ҳамчунин фаъолияти аҳзоби исломиро дар инкишвар мамнуъ кард, ки ба ин тартиб ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломииТоҷикистон баунвони танҳо ҳизби исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ поён додашуд. ХабаргузорииАзия-Плюс бо истинод ба манобеи худ дар ҳукумати Тоҷикистон ҳазинаи ислоҳот дарҚонуни асосии ин кишварро таи 22 соли ахир 40 миллион сомонӣ баровард кардааст.

general.images