Файзулло Баротзода:

Ҳадафи ДИ аз нобудии Тоҷикистон аст

Хабаргузории “Востокнюз” ба нақл аз хабаругзории “АП”: Ҳадафи Давлати исломӣ аз байн бурдани Тоҷикистон аст.

Хабаргузории “Востокнюз” ба нақл аз хабаругзории “АП”: Ҳадафи Давлати исломӣ аз байн бурдани Тоҷикистон аст.

Файзулло Баротзода раиси Маркази мутолиоти исломии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки фаолияти созмони экстримистӣ ва тундрави “Давлати исломӣ” вуҷуд ва мавҷудияти Тоҷикистонро ба унвони як кишвари мустақил таҳдид мекунад, менависад Радио Озодӣ.

Исломшиноси тоҷик мӯътақид аст, ки “лояҳои осебпазири таблиғоти дурӯғини созмони экстримистӣ ва тундрави “Давлати исломӣ” ҷавонони қишлоқӣ ва кӯҳистоние ҳастанд, ки ба тозагӣ вориди зиндагии шаҳрӣ шудаанд”.

Ба гуфтаи ӯ Бахши дигаре ки ба ин созмон ҷалб мешаванд, муҳоҷирони корие ҳастанд, ки дар Русия ба сар мебаранд ва таҳти таъсири таблиғоти мубаллиғон ва ҷалбкунони ин гурӯҳҳо қарор мегиранд.

Файзулло Баротзода бар ин гумон аст, ки пружаи “Хуросони бузург” (Хуросони бузург истлоҳан ба “Вилоят” дар “Хилофат”−и “Давлати  исломӣ” гуфта мешавад), як таҳдиди ҷиддие барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа аст, ки ҳадафи аслии он – бесуботӣ дар кишварҳои мусулмони пасошӯравӣ мебошад.

Ба гуфтаи Баротзода ҳадафи онҳо эҷоди “Вилоят” ва ё як минтақаи бузурги халифат дар минтақаи ҷуғрофиёии Хуросон аст. ин “Вилоят” ғайр аз ҷумҳуриҳои мусулмони Муштаракул манофеъ шомили минтақаи атрофи дарёи Хазар, бахше аз Эрон, Афғонистон ва Покистон мешавад.

“Истилоҳот ва мафоҳими динӣ ва сиёсии густардае ба монанди ин сохта мешавад, то оромиш ва амнияти кишварҳои Шӯравии собиқро ошуфта карда, минтақаи ҷануби Хуросони бузургро таҳдид намояд”− мегӯяд ӯ.

Ба таври куллӣ, дар қомуси сиёсӣ ва иҷтимоии созмони террористӣ мафҳуми давлат, миллат ва фарҳанг вуҷуд надорад. Онҳо ягон миллати ғайриарабро эътироф намекунанд ва на танҳо Тоҷикистон, балки дигар ҷумҳуриҳоро низ мехоҳанд дар таркиби бахше аз сарзамини худ; яъне “Хилофати бузург” бибинанд.

Баротзода мӯътақид аст, ки абзори аслии гумроҳ кардани шаҳрвандон, ва ба вижа насли ҷавон, муҳити феълии интернет ва шабакаҳои иҷтмоӣ мебошад.

Маркази мутолиоти исломӣ як муассисаи илмӣ−таҳқиқотӣ зери назари раиси ҷумҳур аст, ки дар соли 2008 таъсис шудааст. Яке аз маъмуриятҳои ин Марказ таҳқиқ ва мутолиаи вазъияти динии кишвар аст.

general.images