Ҳаводиси ҳафтаи ахири Тоҷикистон оё аз “баҳори тоҷикӣ” хабар медиҳад?

Барои фаҳми баҳори тоҷикӣ бояд нигоҳе ба “баҳори арабӣ” андозем, то манзурамро тавониста бошам дуруст фаҳмонда бошам.

Баҳори тоҷикӣ иборате аст, баргирифта аз “баҳори арабӣ”, ки бо оташ задани як қарздор шурӯъ шуд.

Баҳори арабӣ ба инқилобҳое гуфта мешавад, ки дар кишварҳои арабӣ аз соли 2010 оғоз шуд ва то ба ҳол идома дорад. Шурӯи баҳори арабӣ аз кишвари Тунис буд, ки дар он қарздоре ё тоҷире ки дар асари сиёсати ғалати раиси кишвар қарздор шуд, худашро ба нишони эътироз ба давлат оташ зад ва аз он пас буд, ки инқилобҳо дар кишварҳои арабӣ шурӯъ шуд ва сари 4 диктатор – диктатори Миср, Либӣ, Тунис ва Яманро бар бод дод ва ҷанги хонмонсӯзе ба роҳ андохт, ки дар натиҷаи он Сурия ва Ироқ ҷавалонгоҳи терроризми ҷаҳонӣ шуданд, ки Сурияро нобуд ва беш аз чанд миллион инсон ба қатл расида, садҳо ҳазор овора шуданд.

Нишонаҳои “баҳори арабӣ” дар Тоҷикистон низ дар ҳоли рух додан аст. Нишонаи аввали онро метавон оташ задани қарздоре дар Кӯлоб ба нишони эътироз ба сиёсати ғалати давлат донист. Сиёсати Эмомалӣ Раҳмон сиёсати нобудгари халқи тоҷик аст. Сиёсате аст, ки дар он ягон тоҷик сарбаланд намешавад ва ҳамаи халқ бояд гурусна монанд, то фақат ба фикри таъмини нони шаб бошанду саг барин кор кунанд, нони шаби худро ба зур таъмин кунанд, то шикамашон сер нашавад.

"Шиками халқ ки сер шуд, фикрҳо озод мешавад ва дар фикри зиндагии беҳтар меафтанд- ин сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон аст- сиёсати дар гуруснагӣ ва фақр нигаҳ доштани халқ барои бақо дар ҳукумат ва президентӣ. Аммо чанд моҳе мешавад, ки ба халқ маош дода намешавад, ёрдамҳое ки барои муқобила ба коронавирус бо малбағи 149 миллион доллар ба ҶТ шуд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он пулро гирифта дар куҷо сарф кард ба халқ ягон тавзеҳ надод.

Ёрдамҳои башардӯстонаеро низ ки аз кишварҳои Эрон, Узбакистон, Русия ва ғайра дарёфт кард, ба кӣ дод, номаълум. Беш аз ду миллион муҳоҷири меҳнатӣ низ ки дар шароити карантина ва бекорию бепулию оворагӣ қарор дошта ва доранд, шабу рӯз шикоят доранд ва тоқати баъзеашон лабрез шуда, тарсро канор гузошта ошкоро ба эътироз ва интиқоди Эмомалӣ Раҳмони диктатор овоз сар додаанд.

Сиёсати Эмомалӣ Раҳмон, ки фақат дар фикри таъмини худ ва оилааш аст ва ба халқ тамоман таваҷҷуҳ надорад, мардумро ба хашм овардааст ва косаи сабри халқ дар ҳоли лабрез шудан аст.

Эътирозҳои мардумӣ зиёд шуда, шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз интиқод аз Эмомалӣ Раҳмон шуда, нишон аз хабаре медиҳад. Шояд ҳамаи ин мушкилот даст ба дасти ҳам диҳад ва баҳори тоҷикиро ба самар расонда, охирин диктатори Осиёи Марказӣ – Эмомалӣ Раҳмон-ро сарнагун созад ва Тоҷикистон низ монанди кишвари ҳамсояи Узбакистон нафаси озод кашад.

Умедворем ки баҳори тоҷикӣ оғоз, суқут ва нобудшавии охирин диктатори ОМ ҳувайдо ва халқ ба зиндагии беҳтар расад.

Сиддиқи Акбар

general.images