Қочоқчии бузурги байналмилалӣ дар Афғонистон дастгир шуд

Муовини вазири кишвари Афғонистон аз дастгирии як қочоқчии байналмилалии таҳти таъқиби Полиси байналмилал дар ин кишвар хабар дод.

Муовини вазири кишвари Афғонистон аз дастгирии як қочоқчии байналмилалии таҳти таъқиби Полиси байналмилал дар ин кишвар хабар дод.  генерал Бозмуҳаммад Аҳмадӣ гуфт, ин қочоқчии байналмилалӣ, ки Ҳоҷӣ Ватан ном дорад ва аз аҳолии ноҳияи Ачини вилояти Нангарҳор аст, дар амалиёти вижае дар ин вилоят дастгир шуд.Муовини вазири кишвари Афғонистон афзуд: "Ҳоҷӣ Ватан муттаҳам ба қочоқи ҳазорон тон мавод мухаддир аст ва дар 10 соли гузашта таҳти таъқиби полис будааст".Вай ҳамчунин аз коҳиши кӯмакҳои хориҷӣ ба муовинати мубориза бо маводи мухаддири Вазорати кишвари Афғонистон интиқод ва тасреҳ кард: "Коҳиши ин кӯмакҳо, нерӯҳои ин идораро барои мубориза бо қочоқчиёни мусаллаҳ бо чолиш мувоҷеҳ кардааст

general.images