ҚОНУНШИКАНӢ ВА БЕБАНДУБОРӢ ДАР ГИРДУ АТРОФИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Эмомалӣ Раҳмон шахсе аст, ки худро болотар аз қонун медонад ва фармони амалӣ додаст қонунро бояд бо амалкарди ӯ татбиқ диҳанд; яъне ҷое, ки агар амалкарди ӯ хилофи қонун бошад, бояд қонун тағир дода шавад. Волоияти қонун калимаи муқаддасе аст, ки ӯ бар забон ҷорӣ мекунад ва дигаронро ба амал кардани ба он даъват мекунад, аммо дар амал худаш аввалин касе аст, ки қонуншиканӣ карда, хешу табори ӯ низ бо пайравӣ аз ӯ волоияти қонунро мешикананд ва зидди он амал мекунанд.

Қонуншиканӣ ва бебандуборӣ дар гирду атрофи Э.Раҳмон/ хешу табори Э.Раҳмон қарздортарин, қонуншикантарин ва ғоратгартарин

Эмомалӣ Раҳмон шахсе аст, ки худро болотар аз қонун медонад ва фармони амалӣ додаст қонунро бояд бо амалкарди ӯ татбиқ диҳанд; яъне ҷое, ки агар амалкарди ӯ хилофи қонун бошад, бояд қонун тағир дода шавад. Волоияти қонун калимаи муқаддасе аст, ки ӯ бар забон ҷорӣ мекунад ва дигаронро ба амал кардани ба он даъват мекунад, аммо дар амал худаш аввалин касе аст, ки қонуншиканӣ карда, хешу табори ӯ низ бо пайравӣ аз ӯ волоияти қонунро мешикананд ва зидди он амал мекунанд.

Дар ҳар ҷое аз Тоҷикистон ҳар касе, ки дағалона гап зада, зидди қонун амал кунад ва аз дигарон интизор дошта бошад, ки ба фармонҳои ӯ гӯш кунанд, мардум мегӯянд, ки ин раис кӣ бошад, оё аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон бошад, ки интавр дағалона, боинтизор ва фармондеҳона гап мезанад?

Аз амалкарди мардуми оддии Тоҷикистон фаҳмида мешавад, ки ҳамаи касоне, ки худро ба соҳибмансабе ба хусус ба Эмомалӣ Раҳмон нисбат дошта бошад, ҳар коре ки дилаш хоҳад анҷом медиҳад, ҳатто агар ба садҳо нафар зарар расонад.

Бег Сабур аз ҷумлаи касоне аст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон қудо буд ва то замоне ки қудо буд, худро “ХУДО” медонист ва бо ҳар касе ҳар тавре ки мехост гап мезад, ҳар тавре ки дилаш мехост қонун мерехт ва кораш ба ҷое расид, ки ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дархостҳои масхараомезаш, монанди молиётситонӣ аз Фейсбук ва ... масхараи ҷаҳон кард ва Эмомалӣ Раҳмонро бо доштани вазирони аблаҳу нолоиқ, президенти аблаҳу аҳмақ муаррифӣ кард.

Аммо имрӯз Бег Сабур дигар қудо нест ва келинаш, ки духтари Эмомалӣ Раҳмон буд, аз писараш ҷудо шуда, робитаи Эмомалӣ Раҳомну Бег Сабур шакароб шудааст. Ҳамин, ки робитаи хешовандиашон барҳам хӯрд, қонуншикании Бег Сабур дар ҳамаҷо эълом шуд ва аз ин ба баъд Эмомалӣ Раҳмон ӯро бар хоки сиёҳ мешинонад ва рӯзгори ӯ ва оилаашро табоҳ мегардонад.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор: Кумитаи андоз Хадамоти алоқаро 90 миллион сомонӣ қарздор карда, ба дари ҳуҷраи кории раисаш Бег Сабур муҳр задааст. "Паём” менависад, Бег Сабур ва писараш Рамз Зуҳуров – домоди президент Эмомалӣ Раҳмон - чанд рӯз боз нопайдоянд ва "тибқи иттилоъи тасдиқнашуда, сабаби таъқиби Сабурӣ ва нопадид шудани ӯ ҳамроҳи писараш, ҷудошавии Рамзу духтари раисҷумҳур Зарина Раҳмон аст."

Сиддиқи Акбар

general.images