Қонуни бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ амалӣ хоҳад шуд

Дар кишвари Туркманистон, лоиҳаи нави қонун дар дасти баррасӣ аст, ки бар ассоси он,

Дар кишвари Туркманистон, лоиҳаи нави қонун дар дасти баррасӣ аст, ки бар ассоси он, шароити мусоид барои бисёрҳизбӣ ва гуногунандешӣ фароҳам гардида ва бар асоси қонун озодиҳои лозим ба гурӯҳҳои сиёсӣ лиҳоз хоҳад шуд.

Ба гузориши “Хроника Туркменистана”, лоиҳаи нави Конститутсияи Туркманистон дар фурсатҳои наздик ба муҳокимаи умум гузошта хоҳад шуд.

Дар ин гузориш омадааст, ин тағйирот, бар асоси пешниҳоди президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоҳиза шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ин кишвар, бархе дигаргуниҳо дар сохтори идораи давлатӣ - низоми идораи президентии ҷумҳурӣ ворид хоҳад гашт, ки бар асоси он, дар сурати нокоромадии сардори давлат, то интихоби президенти нав, идораи давлат бар дӯши раиси парлумон вогузор мешавад.

Бар ин асос, эҳтимол меравад, Қонуни асосии Туркманистон ин бор комилан тағйир ёбад, зеро Бердимуҳаммадов мехоҳад, худро ҳамчун роҳбари демократ муаррифӣ намояд ва барои ҷалби сармоя дар бахши энергетика, наздикии худро бо Ғарб амалӣ гардонад.

Дар зимн, дар банди дуюми Конститутсияи Туркманистон, ки ин кишварро бетараф муаррифӣ мекунад, низ иловаҳое сурат хоҳад гирифт.

Дар ҷаласаи кории такмили Қонуни асосӣ, раиси ҷумҳури Туркманистон, Бердимуҳаммадов гуфтааст, дар муносиботи байналмилалӣ бетарафии Туркманистон баҳои мусбатро сазовор гаштааст.

Коршиносон мӯътақиданд, тағйироти мазкур, ки системаи бисёрҳизбиро тақвият мебахшад ва озодиҳоеро барои гурӯҳҳои сиёсӣ фароҳам меоварад, барои ин кишвар, натиҷаҳои мусбатеро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар ҷомеаи байналмилалӣ бабор хоҳад дошт.

 

general.images