Қаҳри девона зарари девона\ Э.Раҳмон аз САҲА ва ИА қаҳр мекунад? Аз қаҳри ҶТ бо ИА кӣ зарар мебинад, Раҳмон ё ИА?

Аз қаҳри Эмомалӣ бо Иттиҳодияи Аврупо худаш зарар мекунад; чароки пули гадоие ки солона аз ИА дарёфт мекунад, бештар аз он аст ки қаҳру ноз кунад.

Эмомалӣ Раҳмон монанди аруси шаби ҳиҷла рафтор мекунад ва монанди бокирае мемонад, ки қаҳру ноз дорад. Бокира зеби қаҳру ноз дорад; чароки арзише барои қаҳру ноз кардан дорад ва домод барои онки он арзишро ба даст орад қаҳру нози бокираро ба ҷон мехарад, аммо Эмомалӣ Раҳмон чӣ?! Оё ӯ ҳам бакорат дорад, ки монанди арус қаҳру ноз мекунад ва ё инки иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо ба шиддат аз ӯ вобаста аст, ки қаҳру нозаш пеши ИА арзиш дошта бошад?Ҳамонтавр ки маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон на фоида дорад ва на арзише барои қаҳру ноз кардан. Аз қаҳри Эмомалӣ бо Иттиҳодияи Аврупо худаш зарар мекунад; чароки пули гадоие ки солона аз ИА дарёфт мекунад, бештар аз он аст ки қаҳру ноз кунад. Ба ҳамин хотир кӯшиш мекунад, ки дили ИА-ро наранҷонад ва ба сози он бирақсад. Аз ҳамин рӯ, вақте ИА аз ӯ дархост кард, ки набераи Кабириро барои сафар иҷозат диҳад иҷозат дод, духтари Шабнамро иҷозат диҳад иҷозат дод, адвокатро озод кунад озод кард. Хулоса, гуфтаанд, ки қаҳри девона зарари девона. Эмомалии девона агар аз ИА барои роҳ додани М.Кабирӣ дар нишасти Варшава қаҳр кунад, худаш зарар мебинад. Чароки эстакадаро бо пули Бонки аврупоӣ сохт ва даҳҳо иншооти дигарро низ. Солона садҳо миллион доллар ҳамин ИА барои ёрдам ба мардуми камбағал медиҳад, аммо Эмомалии девона ӯро дар ҷайби худ зада ба оилаи шикамкалонаш харҷ мекунад ва садҳо проекти дигар, ки ба ҳар баҳона Эмомалии девона аз ИА гадоӣ карда, пулҳои калон дарёфт мекунад.

general.images