Қаҳрамони олимпики Рио ва қаҳрамони ҷаҳон дар бозиҳои осиёӣ шикаст хӯрданд, айби ҳукумати Тоҷикистон аст, ё айби варзишгар?

Беҳрӯзи Хоҷазода, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар мусобиқаи гуштии кураш дар вазни зери 81 кило ҷойи дувумро гирифт, соҳиби медали нуқра гардид.

Бозиҳои осиёӣ ки ба он олимпики осиё низ гуфта мешавад даҳ рӯз пеш дар Индонезия оғоз шуд. Дар ин майдони калони варзишӣ аз 46 кишвари Осиё варзишгарон иштирок карданд. Тоҷикистонро дар ин олимпик як қаҳрамони олимпики Рио Дилшод Назаров ва як қаҳрамони ҷаҳон Беҳруз Хоҷазода ҳамроҳӣ мекарданд.Дилшод Назаров ва Беҳруз Хоҷазода умедҳои Тоҷикистон барои гирифтани медали тилло буданд; чароки дар майдони васеътар аз олимпики Осиё, ки олимпики Рио ва майдони ҷаҳонӣ буд, ифтихорофаринӣ карданд ва парчаму гимни Тоҷикистонро дар ҷаҳон танинандоз карданд.Зимни арзи табрик барои медали нуқра ва орзуи қаҳрамонӣ дар оянда барои ин ду азиз гуфтанӣ ҳастм, гарчӣ ин ду қаҳрамон ифтихорофаринӣ карданд ва медали нуқра ба даст оварданд, аммо ба ҳар ҳол ба медали тилло нарасиданд. Сабаби шикасти ин ду ҳамеша қаҳрамони Тоҷикистон чӣ буд ва чаро ба медали тилло нарасиданд?Сабаби шикасти ин қаҳрамаонон ва унвондорони ҷаҳонӣ ва олимпикӣ беаҳамиятӣ ва бетаваҷҷуҳии ҳукумати Тоҷикистон ва шахси Э.Раҳмон аст. Ҳар кишваре барои қаҳрамонони худ арзиш қоил шуда барояшон ҳамаи шароитро фароҳам мекунад, то қаҳрамононаш бо дили пур ва ниҳояти талош варзиш карда, қаҳрамониро такрор мекунанд. Аммо варзишгарони тоҷик ҳамеша мавриди бетаваҷҷуҳӣ ва беаҳамиятии Э.Раҳмон қарор мегиранд. Э.Раҳмон ба хотири шаҳватронӣ, майгусорӣ, пулпарастӣ ва худхоҳӣ ба ҳеҷ кас аҳамият намедиҳад ва фақат дар фикри айшу нӯшу кайфу сафои худаш аст.Тоҷикистон қаҳрамононе дошт, ки гарчӣ дар олимпик соҳиби медал шуданд, аммо бо номардӣ ва ноҷавонмардии Э.Раҳмони ҳайвонсифат рӯбарӯ шуданд, ки маҷбур шуданд Тоҷикистонро тарк кунанд ва барои Русия ифтихорофаринӣ кунанд. Расул Боқиев намунаи ин ноҷавонмардӣ аст. Ӯ ки дар олимпик барандаи медали биринҷӣ шуда буд, Э.Раҳмон ҳеҷ аҳамияте ба ӯ надод ва ҳатто як ҷои кор барои ӯ надод, то ин ҷаҳонпаҳлавон маҷбур нашавад ба Русия рафта таксӣ кор кунад.Хулоса то вақте ки Э.Раҳмон аст қаҳрамонону паҳлавонони тоҷик шикаста шуда, аз саҳнаи варзиш канор мераванд ва умрашон ба фано меравад. Э.Раҳмони майнӯшу майгусор коре ҷуз майгусорӣ надорад.Аммо дигар кишварҳоро нигоҳ кунед ба қаҳрамононашон чӣ қадар аҳамият медиҳанд! Чӣ қадар аз онҳо таърифу тамҷид карда, ба ҷоизаҳои 100 ҳазор доллар, хона, мошин, ҷои кор, зали пешрафтаи варзиш ва ҳатто номи мактабу спортзалро ба номаш мемонанд то ӯ аз қаҳрамониаш лаззат барад ва ифтихор кунад, ки шаҳрванди он кишвар аст. Варзишгарони имрӯзи мо ба хотири номардиҳои Э.Раҳмон рафта барои Узбакистон медаловарӣ мекунанд.Ба гузориши хабаругзории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар мусобиқаи гуштии кураш дар вазни зери 81 кило ҷойи дувумро гирифт, соҳиби медали нуқра гардид.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images