ҚАДАМИ НАҲСИ Э.РАҲМОН ДАР МАКТАБИ 18 ЧАНД НАФАРРО БА БЕҲУШӢ РАСОНД

Эмомалӣ Раҳмон шахсе аст, ки тамоми вуҷудаш наҳсу манҳус аст ва ҳар ҷо ки пой гузорад, як балою фалокате он диёрро иҳота мекунад. Наҳсӣ ва бебаракатии вуҷуди ӯ забонзади омму хос шуда, ҳамаи Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Имрӯзҳо дигар ба ҳама маълум шудааст, ки ҳар диёре Э.Раҳмон равад, ҳатман онҷо як фалокате рух медиҳад. Наҳсию касратии ӯ ба андозае аст, ки худаш низ ба ин амр огоҳ шуда, борҳо гуфтааст, ки барои ман дигаронро ғам надиҳед.

Чанд рӯз пеш ӯ ба мактаби миёнаи рақами 18 рафта, дар онҷо наҳсию фалокатиашро худаш бо чашми худаш дид. Омӯзгороне дар пеши чашмони ӯ аз ҳуш рафта беҳуш шудаанд. Баъд фаҳмидааст, ки ду омӯзгори бечора аз гуруснагию ташнагӣ беҳуш шуда будаанд.

Бино ба гуфтаи сомонаи Ахбор омӯзгоре гуфтааст, ки ду талабаи дигар низ дар ҳамон “рӯзи наҳс”, яъне рӯзе ки қадами наҳси Эмомалӣ Раҳмон ба он диёр расида буд, аз гуруснагию ташнагӣ беҳуш шудаанд. Мутаассифона наҳс фарзанди наҳс низ - Рустами Эмомалӣ- тақрибан як сол пеш ба ҳамин мактаб рафта буд, бо қадамҳои наҳсаш бар он диёр пой гузошта буд, наҳсии ӯ ки аз наҳсии падар ирс бурдааст, он диёрро ба фалокат гирифтор кард. Фарзанди шаҳиде дар ин мактаб ба хотири таҳдиди Рустами Эмомалӣ ва ҳамроҳонаш барои сатр доштанаш фалаҷ шуд ва нисфи баданаш аз кор монд. Ин наҳс (Рустами Эмомалӣ) фарзанди ҳамон наҳс (Эмомалӣ Раҳмон) аст, ки мутаассифона бар сари аҳолии Тоҷикистон сиёҳӣ афканда, мардумро шӯрабахт гардонида аст. Умедворем ки аз наҳс фарзанди наҳс халос шавем ва сояи шӯми ин наҳсҳо аз Тоҷикистон барчида шавад.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор: Рӯзи 15 март дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии мактаби рақами 18 дар маҳаллаи "Мясокомбинат”-и Душанбе ибтидо ду хонанда ва сипас дар назди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ду омӯзгор аз ҳуш рафтаанд. Гуфта мешавад, онҳо аз соати 7 то 14 бидуни обу хӯрок мунтазири омадани президент будаанд ва аз бемадорӣ аз ҳуш рафтаанд. Табъи президент аз дидани чунин ҳол хира шуда, масъулонро танбеҳ додааст. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфтааст: "Президент ҳам одам аст, чаро чунин амал мекунед? Чаро мардумро гурусна нигоҳ медоред? Як истакон қаҳваю 2 пирожки киро куштааст? Чаро ташкил накардед?”.

Хабарнигори хабаргузории Востокнюз Сиддиқи Акбар

https://akhbor.com/-p8802-155.htm

general.images