Ғаффор Сатторовро КДАМ маҷбур кард, дурӯғи шохдор гӯяд!

Ғаффор Сатторовро маҷбур карданд, дурӯғ гӯяд!

Ғаффор Сатторов кист? Ва чаро мутобиқи хостаи КДАМ суҳбат кард?

Ба сомонаи Востокнюз корбаре дар бораи Ғаффор Сатторов маълумот фиристодааст, ки тақдиматон мегардад. Ин корбар худро аз дӯстони наздик ва ҳатто хешутабори Ғаффори Саттор муаррифӣ карда, аз ифшои номаш худдорӣ кард!

Ғаффор Сатторов кист?

Ғаффор Сатторов зодаи Себистони Данғара буда, оилаи калон доранд. Падарашон ба дасти режими Раҳмон дар ибтидои солҳои ҷанги дохилӣ ба хотири “мусулмон-вовчик” будан ва дар дил ҳубби Ислом доштан ба таври фаҷеъонае ба шаҳодат расидааст.

Ғаффор Саттор фарзанди шаҳид, ва фарзанди ҷавонмарде аст, ки ба хотири Ислом ба дасти Эмомалӣ Раҳмон кушта шуд.

Чун дар рагҳои Ғаффори Саттор хуни ҷавонмард, Исломдӯст, муллобача ва мубориз ҷорӣ аст, ба ҳамин хотир ӯ тасмим мегирад роҳи падар-роҳи Ислому мубориза-ро дар пеш гирад, аз ҳамин рӯ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, дар мадрасаи Гургони Ҷомеатул-Мустафо, ки хоссаи аҳли суннат аст, таҳсил мекунад. Ӯ даҳ сол дарс хонда, ба нишони илмии аспирантура ноил мегардад.

Ғаффор баъд аз итмоми таҳсилот, дар солҳои 2013-2014 ба Тоҷикистон баргашта, аммо кор намеёбад. Чун дар Тоҷикистон ягон ҷои кор нест, ба ҳамин хотир халқ маҷбур шуда, ба муҳоҷирати кории Русия рафта, дар бадтарин шароит бо поинтарин маъош кор мекунанд.

Сабаби инки Ғаффори Саттор бо доштани аспирантура кор намеёбад, чанд чиз аст:

1- инки ӯ фарзанди ҷавонмарде аст, ки ба хотири Ислому мубориз буданаш ба дасти Эмомалӣ Раҳмон кушта шудааст, ва аз нигоҳи КДАМ чунин касе душмани патенсиалии Э.Раҳмон аст, чун дар дил кина ва қастгирӣ аз қотили падар дорад.

2- инки ӯ таҳсилоти динӣ дорад. Ва диндор будану Исломро дӯст доштан, аз нигоҳи дастпарвардаҳои яҳуд монанди Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим ҷинояти нобахшуданӣ аст.

3-дар фақр нигоҳ доштан, сабаби вобастагӣ ба ҳукумат мешавад. Яъне режими Раҳмон бо камбағалу бекор нигоҳ доштани инсонҳои тасҳилкарда, онҳоро ҷазб карда, “нештатник” карда, аз онҳо сӯиистифода мебарад.

Ва бо нештатник кардани фарзандони муборизу муҷоҳиду Исломдӯст, онҳоро дар чашми мардум бад карда, душмании патенсиалиашонро ба фурсати истифода табдил карда, аз онҳо дар вақтҳои лозим истифода мекунад. Масалан навор мегирад ва алайҳи опозисиюн ва мухолифони режими Раҳмон истифода мебарад.

Ғаффори Саттор чаро мутобиқи хостаи КДАМ суҳбат кард?

КДАМ-кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ки таҳти раёсат ва идораи кофиртарин ва бераҳмтарин шахси Тоҷикистон; яъне Саймумин Ятимов идора мешавад, маъмурияти аввалаш нобуд кардани Ислом ва ҳар Исломдӯсте аст, ки дар дил ҳубби Ислом дорад, чун яҳудиҳои Исроил, ки мутобиқи ояти 82 сураи Моида, шадидтарин душмани Ислому муслимин яҳудиёнанд, ҳимоятгар ва сармоягузори онанд. Ба ҳамин хотир ҳар касе ки заррае ба Ислом алоқа дорад, хоини миллат муаррифӣ шуда ба зиндон ва шиканҷаҳои тоқатфарсо гирифтор шуда, ва масҷиду мадрасаю, намозу Қуръону сатру ҳиҷоб ки намоди дини Исломанд, баста шуда, манъ шуданд.

Ғаффори Саттор дар соли 2020 вақте аз Эрон ба Тоҷикистон омад, режими Раҳмон ва КДАМ яъне ба фармони шахси Саймумин Ятимов ки ҳамаи таҳсилкардаҳои Эрон бояд боздошт шаванд, боздошт шуд ва таҳти шиканҷаи шадид қарор гирифт ва ҳатто ба 14 сол зиндон ба унвони “хоини ватан” таҳдид шуд.

Дар баромаде ки Ғаффори Саттор алайҳи раиси опозисиюн ва мухолифи режими Раҳмон-Муҳиддин Кабирӣ, ки дар ҳимоят аз зиндониҳои Эронтаҳсилкардаҳои донишманд сухан кардааст, ба зиддият баромада, онро дурӯғ гуфтааст ва худашро намунаи донишҷӯи таҳсилкардаи Эрон муаррифӣ мекунад, ки на зиндонист ва на шиканҷа шуда ва озодона мегардад ва зиндонӣ шудани донишҷӯёни Эронтаҳсилкардаро инкор мекунад, дар ҳоле ки 50 нафар дар зиндонанд ва таҳти бадтарин ва ноинсонитарин шиканҷаҳо қарор доранд ва то 14 солу 18 солу 25 сол ҳукм гирифтаанд.

Ғаффори Саттор ба фармони КДАМ дурӯғи шохдоре мегӯяд, ки саросари Тоҷикистон аз он бохабаранд. Шармандагӣ аз ин бештар намешавад, ки дурӯғеро бигӯӣ дар ҳоле ки ҳамаи аҳолии Тоҷикистон аз ҳақиқати он огоҳанд!

Лаънати Худо бар золимону хоиноне чун Эмомалӣ Раҳмон ки қисмате аз хоки Тоҷикистонро ба Чин фурухт ва бар сари халқи худ зулмҳои тоқатфарсо оварда, дар ҳоле ки аз қирғизҳо тарсида, Ворухро тақдимашон кард!

Аз тарафи ҳамкурс, дӯст ва хешутабори Ғаффори Саттор ба сомонаи Востокнюз!

Сиддиқи Акбар

general.images