Ғазаби Худо ва лаънати халқ бар паймон шикан\ Банди аз санади созишномаи Сулҳи тоҷикон

Ғазаби Худо ва лаънати халқ ба ононе бод, ки паи қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоанд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, "Мо ҳамаи ононеро, ки дар замони ҷанг ва муқовимати сиёсӣ силоҳ ба даст гирифтанд ва муқобили ҳамдигар ҷангиданд, авф мекунем...Ғазаби Худо ва лаънати халқ ба ононе бод, ки паи қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоанд.”Рӯзи 10 июли соли 1997, ду ҳафта баъд аз имзои созишномаи сулҳе, ки ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима гузошт, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои оппозитсияи тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар шаҳри Маскав "Санади ҳамдигарбахшӣ”-ро имзо карданд, ки бар асоси он, тарафҳои даргир якдигарро бояд мебахшиданд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз соли 1992 то 1997 идома ёфта, бино ба ҳисобҳо, аз100 то 150 ҳазор кушта ба ҷо гузошт, беш аз 35 ҳазор хонаву иншоот дар солҳои ҷанг вайрон карда шуданд, ҳудуди 50 ҳазор кӯдак ятим монд ва як миллион аз аҳолии Тоҷикистон ба хориҷ, аксаран ба Афғонистон гуреза шуданд.Дар солҳои аввали баъди имзои созишномаи сулҳ, ҷанги шаҳрвандӣ як ҷанги таҳмилӣ унвон мешуд. Вале дар ин авохир мақомоти Тоҷикистон дар сар задани ин ҷанги хунин мухолифони солҳои 90, бахусус ҳизби наҳзати исломиро айбдор мекунанд, ки "бо супориши хоҷагони хориҷиашон” Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанг кашиданд. Манзур аз "хоҷагони хориҷӣ” асосан Эрон аст, ки дар Душанбе он кишварро ба даст доштан дар ҷанги Тоҷикистон айбдор мекунанд.Ин дар ҳолест ки дар "Санади ҳамдигарбахшӣ” роҳбарони ду тарафи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қавл дода буданд, ки ҳарду тараф аз гуноҳи ҳамдигар мегузаранд. Нуктаи асосии ин санад ин бандаш буд, ки мегӯяд: "Ғазаби Худо ва лаънати халқ ба ононе бод, ки паи қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоанд.”Матни пурраи "Санади ҳамдигарбахшӣ”, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ имзо карданд, чунин аст:САНАДИ ҲАМДИГАРБАХШӢБа номи Ватанамон - Ҷумҳурии Тоҷикистон - вориси маънавӣ ва ахлоқии сарзаминии таърихии тоҷикон;Барои эҳё ва шукуфоии кишвари маҳбубамон, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, истиқлолиятт ва озодии он;Ба ёди шаҳидон ва рӯҳи покашон;Ба поси хотири қурбониёни замони мухолифату муқовимат ва муборизаҳои мусаллаҳона;Ба хотири таскини дили ятимону бевагон, падарону модарон ва ҳамаи ононе, ки азизонашонро аз даст додаанд;Бо дарназардошти иродаи мардум ба сулҳ ва оштии миллӣ;Бо дарки масъулияти таърихии худ ба гузашта, имрӯз ва ояндаи сарзамини бостониамон, бо эҳтироми ҳаққу ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар фарди он.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Оштии Миллӣ ин санади ҳамдигарбахширо қабул ва эълон менамоянд.Мо ҳамаи ононеро, ки дар замони ҷанг ва муқовимати сиёсӣ силоҳ ба даст гирифтанд ва муқобили ҳамдигар ҷангиданд, авф мекунем.Бигзор ҳарифону рақибони собиқ ҳамдигарро барои ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва маънавии расондаашон, барои азияте, ки додаанд, бубахшанд.Бигзор бо ҳамдастию ҳамкорӣ дар обод гардонидани харобиҳои ҷанг, дар кори созандагӣ ба умеди шукуфоии Тоҷикистон, бо сарпарастӣ ба ятимону бевагон, бо ғамхорӣ ба маҷрӯҳон ва барҷомондагон дар ҷомеа эҳтиром ва иззату икромро дубора зинда бигардонанд.Ғазаби Худо ва лаънати халқ ба ононе бод, ки паи қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоанд.Мо сӯйистифода аз имконоти расонаҳои омма ва даъвати ошкоро ба нияти халал расондан ба раванди оштии миллӣ, иттиҳоми ҳамдигар ва дар ҳузури ҷамоат аз гузашта ба бадӣ ёд оварданро маҳкум менамоем.Ҳам Ҳокимият ва ҳам ҳамаи он ҳизбу созмонҳое, ки ба ҳайати Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик шомиланд, ва ҳам ҳизбу ҷунбишҳо ва созмонҳои иҷтимоии дигаре, ки аз ин ба баъд дар фаъолияти сиёсӣ даст ба силоҳ мезананд, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.Бо нияти таъмини эътибори амалии Санади ҳамдигарбахшӣ ҳамаи асирони ҳарбӣ озод хоҳанд шуд. Озодӣ ва амнияти иштироккунандагони мухолифати сиёсӣ ва муқовимати низомӣ, ки аз соли 1992 то ба рӯзи қабули Санади мазкур давом кард, бо қабули санадҳои дахлдори Комиссияи Оштии Миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РаҳмоновРоҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик СайидАбдуллоҳи НурӣМосква, 10.07.1997 № 001Манбаъ: сомонаи Ахбор

general.images