Ёддошти эътирозии давлати Тоҷикистон ба мақомоти Қирғизистон

Дар паи насби парчами Қирғизистон дар Овчӣ-Қалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сафорати Тоҷикистон дар Бишкек, ба мақомоти Қирғизистон ёддошти эътирозӣ супурдааст.

Дар паи насби парчами Қирғизистон дар Овчӣ-Қалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сафорати Тоҷикистон дар Бишкек, ба мақомоти Қирғизистон ёддошти эътирозӣ супурдааст.

Дар ин ёддошт, аз вуруди ғайриқонунии раҳбари яке аз деҳоти марзии Қирғизистон ва сарҳадбонони ин кишвар ба қаламрави деҳаи Ҳалим Бобоеви ҷамоати Овчӣ-Қалъа ибрози нигаронӣ намуда ва муҷозоти омилони ин рӯйдод, аз давлати Қирғизистон хоста шудааст.

Гуфта мешавад, дар торихи 6-феврал, бар боми ду манзили сокинони Овчӣ-Қалъа, парчами Қирғизистон тавассути 40 нафар марзбонони ин кишвар насб гардида ва иддао шудааст, ки ин минтақа ҷузъи қаламрави Қирғизистон мебошад.

Ба дунболи ин хабар, бархе аз корбарони интернетӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, дар паи мушаххас намудани муқассири аслӣ, ишора ба сиёсатҳои ахири давлати Тоҷикистон намуда гуфтаанд, пардохтани ҳукуматдорон ва мақомоти давлатӣ ба масоиле аз қабили риштарошон, ҳиҷоб ва бастани масоҷид ва даргириҳои бемаврид бо шаҳрвандон, масъулинро аз масоили аслӣ мунҳариф сохтааст ва боиси нооромиҳо дар марзҳо низ гардидааст.

general.images