Бобоҷон Қаюмов, сиёсатмадор ва сухангӯи ҲНИТ

Як муқоисаи содда

Ин ду сарлавҳа аз мусоҳиба ва мақолаи ин ду нафар баёнгари дидгоҳҳо, арзишҳо ва мавқеъи шахсии онҳост. Саидамир Зуҳуров ба ИНСОН арзиш қоил аст ва намехоҳад барои ҳеҷ мақому мансабу дигаре як қатра хун рехта шавад. Аммо Ятимов мехоҳад бо ҳар қиммате бошад ҳамаро зери парчами "пешвои муаззамаш" ҷамъ кунад.

Сайидамир Зуҳуров: "Ягон мансаб ба як қатра хун намеарзад"

С.ЯТИМОВ: БОЯД ТАҲТИ ПАРЧАМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ САРҶАМЪ ШАВЕМ

Ин ду сарлавҳа аз мусоҳиба ва мақолаи ин ду нафар баёнгари дидгоҳҳо, арзишҳо ва мавқеъи шахсии онҳост. Саидамир Зуҳуров ба ИНСОН арзиш қоил аст ва намехоҳад барои ҳеҷ мақому мансабу дигаре як қатра хун рехта шавад. Аммо Ятимов мехоҳад бо ҳар қиммате бошад ҳамаро зери парчами "пешвои муаззамаш" ҷамъ кунад.

Ҳоло фикр кунед, ки замоне Саидамир Зуҳурови меъмори амнияти миллии кишвар дар қкдрат буданаш, мардум ба КДАМ бо эҳтиром менигаристанд ва аз он чандон ҳаросе ҳам надоштанд. Аз тарафи дигар барои ӯ ҷомеа ва миллат муҳимтар аз Пешвоҳову пасвоҳо буд, бинобарин намехост қудратро дар дасти як кас ҷамъ кунад ва тамоми ниҳодҳои кишварро амниятӣ накард.

Аммо ҳоло чӣ?

Тамоми фазои кишвар амнияти аст. Тамоми ниҳодҳои кишварро амният назорат мекунад. Кори амният ба ҷое расидааст, ки (бо арзи маъзарат) олоти таносулии мардумро ҳам назорат мекунанд. Раиси КДАМ ба он дараҷа шахсиятпарастиву манқуртсозӣ кардан мехоҳад, ки ҳатто агар як нафар гуяд, ки ман пешвои шуморо қабул надорам ӯро хоин эълон мекунанд. Кадомаш ба нафъи миллат аст? Медонам, ки хеле тарснок аст барои бисёриҳо, ки дар бораи раиси КДАМ ҳарф зананд ва қазоват кунанд.

Аммо кофист ба ҳамин масала фикр кунем, ки кадоме аз инҳо шахсияти миллӣ ва инсони дилсузи миллатанд? Ҳама аз Генерал Зуҳуров ба хубӣ ёд мекунанд, аммо Ятимов дар таърих чигуна сабт хоҳад шуд? Касе, ки ҳамватан ва ҳаммилатони худашро дар Туркияву Руия бераҳмона куштааст ва бархеро рабудааст магар бо чигуна аз ӯ ёд хоҳанд кард? Оё дар дуздидани Шарофиддин номи раиси КДАМ ҳамчун одамрабо то абад сабт нахоҳад шуд?

Аммо ҳама аз фидокориву ҷоннисориҳои Зуҳуров ёд мекунанд. Аз замоне, ки худаш дар назди одамони Ризвон гаравгон истоду дигаронро наҷот дод ва чандин фидокориҳои дигар. Имрӯз ана ҳамин шахсият зодрӯз дорад ва ҳамагон ӯро ба некӣ ёд мекунанду табрикаш мекунад. Зеро барои ӯ на шахсияти касе барки миллат ва инсоният арзиш буд.

Зодрузи чунин инсони арзишмеҳвару шахсияти миллӣ муборак бошад!

Оё чунин нест??

general.images