Як мақоми донишгоҳии Русия донишҷӯҳои тоҷики Русияро ба бесаводӣ айбдор кард

профессор Алексей Шапошник, мудири кафедраи химияи Донишгоҳи аграрии Воронежи Русия дар як матлаби миллатгароёна дар Фейсбук донишҷӯёни тоҷикро ба бесаводӣ айбдор кардааст.

Донишҷӯҳое, ки аз тарафи Тоҷикистон ба Русия ё дигар кишварҳои пешрафтаи дунё сафарбар мешаванд, тақрибан ҳамаашон бо “тағабозӣ” ё ҳимояти наздиконашон, ки ё соҳибмансабанд ва ё пора дода, як бесаводро ба хонданӣ сафарбар мекунанд, дар ҳоле ки бесаводанд ва мояи обрӯрезии тоҷикон дар Русия ва дар ҷаҳон мешаванд.Ҳастанд касоне ки саводи олӣ доранд ва квотаи кишварҳои хориҷиро гирифтан сазовори онҳост, аммо чун ё камбағаланд, ҷои онҳо ба фарзанди нозпарвардаи бесаводи як соҳибмансаб дода мешавад, ки дар натиҷа на, босавод мешавад ва на инки инсони дилсӯзу хушандеше мешавад. Ба кишвар баргашта бо анбуҳе аз бесаводӣ, камсаводӣ ва фахрфурӯшӣ соҳиби мансаб мешавад, ки вайронӣ ва қашшоқии Тоҷикистон натиҷаи ҳамин хел донишҷӯёни бесаводи фарзанди соҳибмансаб аст.Як профессори рус бо лаҳни таҳқиру тавҳин ҳамаи донишҷӯёни тоҷики Русияро бесавод хонда, бо масхара гуфтааст, ки ҳатто ҳисоби оддиро намедонанд ва намедонам ин тоҷикҳоро аз кадом қишлоқҳои дурдаст овардаанд, ки на тасаввурот доранд ва на чизе мефаҳманд, суолро бо камоли нодонӣ, бо чашмони ала нигоҳ карда меистанд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, профессор Алексей Шапошник, мудири кафедраи химияи Донишгоҳи аграрии Воронежи Русия дар як матлаби миллатгароёна дар Фейсбук донишҷӯёни тоҷикро ба бесаводӣ айбдор кард ва гуфт, тоҷикҳо оддитарин қоидаҳои зарбу тақсимро намедонанд, чӣ расад ба фанни химия? Ӯ навишт, рӯзи 27 декабр, вақте аз чанд донишҷӯи тоҷик аз фанни химияи органикӣ имтиҳон мегирифт, маълумаш шуд, ки ин толибилмони тоҷик ҳатто саводи зарбу тақсим кардани рақамҳои оддиро надоранд, чӣ расад ба донистани фанни химияи органикӣ?Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images