Яке аз омилҳои боздоранда-и асосии рушди иқтисодии Тоҷикистон бонкҳоанд?!

Раҳмон яке аз омилҳои боздорандаи рушди иқтисодиро бонкҳо медонад. Оё дар ҳақиқат ҳамин бонкҳо ҳастанд, ки монеъи рушди иқтисоди Тоҷикистон мешаванд, ё омили дигар?

Дирӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон дастур дод, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин оид ба солимгардонии ду бонки низомсози кишвар – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” нақшаи тадбирҳои иловагӣ таҳия карда шавад.Тадбирҳои қаблан дар мавриди ин масъала амалишударо Сарвари давлат ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.Ҳамчунин Раҳмон ба бонки милли Тоҷикистон дастур дод, ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои рушдёфта, дар сиёсати пуливу қарзӣ ва ба сурати умум дар соҳаи бонкии ҷумҳурӣ ислоҳот роҳандозӣ намояд. Ӯ дар идома гуфт: “яке аз омилҳои боздоранда (тормоз)-и асосӣ, ки ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ монеъа эҷод мекунад, низоми номукаммали бонки ва пуливу қарзӣ мебошад”. (Тоҷикистон-таймс).Дар ин ҷаласа, Раҳмон яке аз омилҳои боздорандаи рушди иқтисодиро бонкҳо медонад. Оё дар ҳақиқат ҳамин бонкҳо ҳастанд, ки монеъи рушди иқтисоди Тоҷикистон мешаванд, ё омили дигар?Ба монанди ин ҳамасола ҷаласаҳои зиёде баргузор мешавад ва фармону дастур ҳамеша дода мешавад, пас чаро шоҳиди рушди иқтисодии Тоҷикистон намешавем?Дар инҷо мехоҳам инро қайд кунам, ки низоми бонкие, ки дар Тоҷикистон фаъол аст дар бештари кишварҳои пасошуравӣ аз ҳамин низом истифода мекунанд, аммо чаро онҳо пешрафт мекунанд вале мо не? Пас мушкил дар ҷойи дигар ҳаст. Дар инҷо баракси назари Раҳмон мехоҳам бигуям, ки мушкили асосӣ дар низоми номукаммали бонкӣ нест, балки мушкил дар афроди номукаммале ҳаст, ки бар бонкҳо сарпарастӣ ва ҳукумронӣ мекунанд. Ба хотири афроди нолоиқ ва бетаҷриба ҳаст, ки вақте давлат дучори мушкил ва буҳрон мешавад ба ҷойи онки иқтисоди кишварро наҷот диҳанд бо равишҳои бехирадонаи худ миллат ва давлатро дар ботлоқи мушкилот ғутавар мекунанд. Чунин афроди нолоиқро на танҳо дар бонкҳо, балки дар аксари мансабҳои калидии кишвар дидан мункин аст!!!Хабарнигори Восток-нюз: Акбари Салимзод

general.images