ЮНИСЕФ: Кӯдакони тоҷики баргардонда шуда аз Ироқу Сурия танҳо ҷабрдида ҳастанд

ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид хостори бархӯрди муносиб бо кӯдаконе шуд, ки аз урдугоҳҳои Ироқу Сурия ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид хостори бархӯрди муносиб бо кӯдаконе шуд, ки аз урдугоҳҳои Ироқу Сурия ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Тайи як моҳи охир 8 кӯдаки тоҷик аз Ироқу Сурия ба ватан баргаштанд. ЮНИСЕФ мегӯяд, "ин кӯдакон гуноҳ надоранд ва танҳо ҷабрдида ҳастанд".Ин созмон барои барқарор кардани ҳолати рӯҳӣ ва мутобиқ шудани чунин атфол иқдомҳое рӯи даст гирифтааст. Созмон дар навбати аввал мехоҳад, ба хонаводаҳое, ки ин кӯдакони аз падару модар маҳрумшударо қабул мекунанд, ёрии молӣ расонад.Кӯдакон маъмулан аз Ироқу Сурия ба хонаводаҳои хешу табори худ оварда мешаванд. Ба таъкиди Лучиано Калестинӣ, раҳбари Бунёди атфоли СММ дар Тоҷикистон, барои мушкил нашудани вазъи ин хонаводаҳо ва дар шароити хуб тарбия ёфтани кӯдакон, бояд чунин оилаҳо дастгирӣ шаванд.

general.images

ЮНИСЕФ: Кӯдакони тоҷики баргардонда шуда аз Ироқу Сурия танҳо ҷабрдида ҳастанд