Э.Раҳмон ҷавонмардӣ ва парчамбардории кишвар дар ҷаҳонро аз Комроншоҳи Устопириён ёд гирад!

Ҳақиқатан ин ҷавонмард ва қаҳрамонмард бояд сармашқе барои касоне чун Э.Раҳмон шаванд. Чароки паҳлавон ҳамеша дар талоши ин аст, ки парчами Тоҷикистонро ба хушномӣ бардошта, онро дар ҷаҳон хушном муаррифӣ кунад.

Комроншоҳи Устопириён варзишкори номие аст, ки дар арсаҳои гуногуни байналмилалӣ ифтихорофаринӣ карда, ном ва парчами Тоҷикистонро ба эҳтизоз даровардааст. Ин паҳлавони ҷавонмард обрӯ ва ифтихор ва қаҳрамони ҳақиқии Тоҷикистон аст. Ӯ аз мардум ташаккуру қадрдонӣ карда, гуфтааст ки “Ҳамеша кӯшишам ин аст, ки парчами давлати азизамро бардорам!!!".Ҳақиқатан ин ҷавонмард ва қаҳрамонмард бояд сармашқе барои касоне чун Э.Раҳмон шаванд. Чароки паҳлавон ҳамеша дар талоши ин аст, ки парчами Тоҷикистонро ба хушномӣ бардошта, онро дар ҷаҳон хушном муаррифӣ кунад, аммо Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша талошаш ин аст, ки Тоҷикистонро дар ҷаҳон ба бадномӣ ва қашшоқӣ муаррифӣ кунад, ҳамон тавре ки даҳҳо сол аст номи Тоҷикистон ҳамвора ҷузви бадтарин, камбағалтарин, қашшоқтарин, фасодзадатарин ва бадбахттарини кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ мешавад.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Спутник, ҷудокори номдори тоҷик Комроншоҳ Устопириён рӯзи 8 апрел дар сабқати бонуфузи Гран-при-2018 дар Туркия ("Grand-Prix Antalya 2018") пирӯзии мутлақро ба даст оварда, номи Тоҷикистонро бори дигар дар арсаи байналмилалӣ боло бардошт. Ҷудокор пас аз пирӯзӣ дар саҳифаи фейсбукии худ аз мухлисонаш барои дастгириашон миннатдор шуда, гуфтааст: "Миннатдории худро ба тамоми мухлисон мерасонам. Бахшиши зиёд, ки ба ҳама посух (барои шодбошӣ-идора) дода натовонистам. Хело суханҳои самимӣ аз ҳар гӯшаву канори дунё ба ман расиданд. Ҳамеша кӯшишам ин аст, ки парчами давлати азизамро бардорам!!!".Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images