Э.Раҳмон- хиёнат ба худӣ ва хидмат ба бегона\маоши тоҷик 1200, маоши хитоӣ 12000 сомонӣ

Оё ҳазору дусад сомонӣ ба тоҷик, ва дувоздаҳ то сӣ ҳазор ба хитоӣ додан, хиёнати ошкоре ба тоҷик, ва хидмати бузурге ба хитоӣ нест?? Чаро Э.Раҳмон даст ба ин хиёнат мезанад?

Ҳукумати Тоҷикистон бо 1200 сомонӣ маош ба тоҷики худ хиёнат, ва бо 12000 сомонӣ ба хитоӣ хидмат мекунад.Режими Раҳмон режими хиёнаткоре аст, ки ҳамеша ба шаҳрвандони худ хиёнат мекунад. Ҳамеша коре мекунад, ки шаҳрвандони худаш дар ранҷу азобу сахтию ғуломӣ бошанд, аммо шаҳрвандони хитоиро болои сари худ ҷой медиҳад. Яъне ба тоҷики худ хиёнат мекунад, вале ба хитоӣ ё шаҳрванди бегона хидмат мекунад. Дар корхонаи муштараки семент, ки ба ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон 90 фоизи онро тоҷик бояд ташкил медод ва 10 фоизро хитоӣ, инак баръакс шуда; яъне бештари коргарони он хитоӣ ҳастанд, дар ҳоле ки тоҷикон маҷбуранд ба ғуломигарӣ ва муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, азоби сагро бинанд, аммо хитоӣ ба Тоҷикистон омада, вориди кор шуда, илова бар онки ҷои кори тоҷикро мегирад, аз маоши даҳ баробар боло нисбат ба тоҷик низ бархӯрдор аст. Суол ин аст, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон тоҷикро ба ғуломӣ фиристода, хитоиро ба ҷои кор таъмин мекунад ва бар илова ба тоҷик маоши ҳазору дусад сомонӣ медиҳад, дар ҳоле ки ба хитоӣ маоши дувоздаҳ то сӣ ҳазор сомонӣ маош пардохт мекунад?Оё ҳазору дусад сомонӣ ба тоҷик, ва дувоздаҳ то сӣ ҳазор ба хитоӣ додан, хиёнати ошкоре ба тоҷик, ва хидмати бузурге ба хитоӣ нест?? Чаро Э.Раҳмон даст ба ин хиёнат мезанад?Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, ба гуфтаи коргарони маҳаллии корхонаи "Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент”, онҳо моҳона ҳамагӣ 1200 сомонӣ маош мегиранд, ки ба зиндагиашон намерасад: "Моҳи марти соли 2016 вақте ин корхонаро дар ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кушоданд, маъмурият бо ифтихор ба Пешвои миллат гузориш дода буд, ки беш аз 90 фоизи коргарон аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ мебошад ва аз 1500 то 2000 сомонӣ маош мегиранд. Вале маоши мо ҳамагӣ 1200 сомонӣ аст, ки фақат ба пули иҷораву хӯрокамон мерасад ва он ҳам ба зӯр. Вале маоши коргарони хитоӣ, ки баробари мо кор мекунанд, ба маротиб нисбат ба мо зиёдтар аст. Онҳо аз 12 ҳазор то 30 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.”Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images