Э.Раҳмон Тоҷикистонро талбандатарин кишвари дунё гардонда аст\ Арабистон бештарин ёрдамро дар канори Яман ба ҶТ кардааст!

Раиси Маркази Имдодӣ Ва Кӯмакҳои Башарии Шоҳ Салмон гуфтааст, ин марказ дар 42 кишвари ҷаҳон барномаҳои хайрия амалӣ кардааст ва Тоҷикистон дар ин миён ба истиснои Яман аз ҳама бештар кӯмак гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар оилаи камбағал ва бисёр камбизоат ба дунё омад, ки мегӯянд шабҳоро гурусна ва дар ормони як шиками сер мегузаронд. Ҳамин камбағалӣ ӯро дар орзуи бой шудану боиштиҳо хӯрдан ба як одами сангдилу ҳарис табдил кард, ки натиҷаи он ҳирсу тамаи сернашавандаи имрӯзи Эмомалӣ Раҳмон дар мансабу ҷамъоварии пул аст, ки барои мансаб ҳозир аст монанди гурги гурусна ҳатто фарзандони худро пора кунад ва барои ба даст овардани пул ҳозир аст ҳамаи Тоҷикистонро ба фурӯш бигузорад ҳамонтавре ки қисмате аз ин мамлакатро ба Чин фурухт ва тасмим дорад қисмати дигареро низ ба Чин бифурӯшад.Вале чӣ тавре ки мегӯянд, камбағалӣ айб нест. Айб он аст, ки одам ба ҷои инки рафта кор кунад, даст ба гадоӣ ва талбандагӣ занад. Ба ҳамин хотир аст, ки Ислом инсонро ба кор фармон медиҳад ва мегӯяд “аз одами бекор, Худо безор, ҳама безор”.Дар бораи Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ӯ дар даврони кӯдакии худ барои инки аз гуруснагӣ худро бираҳонад, талбандагӣ ва гадоӣ мекард. Ӯ солҳои зиёдеро гадоӣ кардааст, ки он табдил ба одати ӯ шуд ва то синини калонсолӣ ва ҳатто баъд аз 25 сол чаповулу ғорати аҳолӣ ва ҳамаи бойгариҳои табиъии Тоҷикистон ба унвони президент, боз ҳам гадоӣ карда ба кишварҳои сарватманде монанди Арабистон, ИМА, ИА, Ҷопон ва .... дасти талбандагӣ дароз карда, гадоӣ мекунад.Сабаби инки ӯ ба Арабистон, Ҷопон сафар кард низ ҳамин гадоӣ ва талбандагӣ буд. Албатта дар Ҷопон хотираи бисёр талхеро аз сар гузаронд ва барои лаҳзае ҳамаи аҳолии Тоҷикистон аз ба садама афтодани ӯ шод шуданд. Эй кош ин садама ҷони наҳсу номубораки ӯро мерабуд, то мардум аз пайкараи нанговару беномус ва талбандаи ӯ, ки ҳамаи тоҷикистониёнро шарманда кардааст, халос мешуданд.Талбандагии ӯ дар ҷаҳон маъруф аст ва ҳамаи кишварҳо медонанд вақте ки Э.Раҳмон ба ягон кишваре сафар кунад, ҳадафаш талбандагист; чароки на иқтисод дорад ва на санъате то битавонад ба кишварҳо пешниҳод кунад. Танҳо коре ки метавонда бикунад ин аст, ки талбандагӣ карда, онҳо ҳам бо партофтани як луқма нон дар пеши саг, пули ночизе ба ӯ дода, ӯро аз кишварашон мӯҳтарамона пеш мекунанд.Яман ки як кишвари ҷангзада ва бӯҳронист, Тоҷикистон аз он бештар аз “ёрдам ва кумаҳои инсондӯстона”-и Арабистон дарёфт мекунад ва ин яъне Тоҷикистон аз Ямани ҷангзадаю бӯҳронӣ камбағалтар аст. Решаи ин ҳамаи гадоии мақомоти Тоҷикистон худи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гадоӣ ва талбандагиро дар хуни худ дорад ва эҳтимолан онро аз аҷдоди талбанда ва гадои худ ирс бурдааст.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, Абдулло ал-Робия, раиси Маркази Имдодӣ Ва Кӯмакҳои Башарии Шоҳ Салмон ҳафтаи гузашта дар Душанбе гуфтааст, ин марказ аз замони таъсисаш дар соли 2015 дар 42 кишвари ҷаҳон барномаҳои хайрия амалӣ кардааст ва Тоҷикистон дар ин миён ба истиснои Яман аз ҳама бештар кӯмак гирифтааст.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images