Э.Раҳмон, оё барои варзишкорони соҳибмедал ҳадя медиҳад?

Э.Раҳмон, оё барои варзишкорони соҳибмедал, ки номи кишварро мебардоранд, ҳадя медиҳад?

Эмомалӣ Раҳмон, инсоне бисёр паст, хасис, бахил, шаҳватрон ва шикамчарон аст. Барои ҳамин ӯ на танҳо ба варзишкороне, ки дар бозиҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ баранда шуда, медали тилло, нуқра ё биринҷӣ мегиранд, ҳадя намедиҳад, балки ҳатто пули раҳи ин варзишкоронро низ аз онҳо дареғ медорад.

Тасаввур кунед, вазорати варзиш, ки аз давлат будҷет мегирад то варзишро пеш барад, 500 доллар надорад, ки варзишгари худро ба мусобиқа фиристад. Барои ҳамин бешармона аз мизбони мусобиқот гадоӣ карда, раҳпулии варзишгарони худро аз онҳо гадоӣ мекунад.

Аз ҳамин сабаб, то ба ҳол ягон варзишгари номдоре аз Тоҷикистон набаромадааст. Ва як ду нафаре ки соҳиби медалҳои гуногун шудаанд, монанди Беҳруз Хоҷаев, Мавзуна Ҷориева, Расул Боқиев, Комроншоҳи Устопириён, ва... ҳамаашон бо заҳмати худ ва пули худ шудаанд, на Эмомалӣ Раҳмон ва режими нокоромадаш!

Шавкат Мирзиёев-президенти Узбакистон бошад, қонун қабул кард, ки ҳар варзишгари узбакистоние, ки дар бозиҳои олимпӣ барандаи медали тилло шавад, аз будҷети давлат 200 ҳазор доллар, медали нуқра 100 ҳазор доллар ва медали биринҷӣ 50 ҳазор доллар ҳадя мегиранд.

Фарқи ду президентро бинед, ки яке кишварашу варзишгаронашро беобрӯю қашшоқ муаррифӣ карда, дигаре кишвару варзишгаронашро баобрӯю шавқманд мекунад.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Новости Таджикистана: Узбекистан заплатит по $200 тысяч своим спортсменам, завоевавшим золото на Олимпиаде и Паралимпиаде в Токио

Об этом говорится в законе, подписанном Шавкатом Мирзияевым «О мерах по обеспечению участия спортивной делегации Узбекистана в XXXII летних Олимпийских и XVI Паралимпийских играх 2021 года в Токио (Япония) и дальнейшему развитию олимпийских видов спорта».

Таким образом за бронзовую медаль спортсмены получат 50 тысяч долларов, за серебряную медаль – 100 тысяч долларов, а за золотую медаль – 200 тысяч долларов. Сообщается, что средства на это будут выделены из государственного бюджета.

Линки хабар: https://novosti-tadzhikistana.ru/uzbekistan-zaplatit-po-200-tysyach-svoim-sportsmenam-zavoevavshim-zoloto-na-olimpiade-i-paralimpiade-v-tokio/

Сиддиқи Акбар

general.images