Э.Раҳмон, ки қисмате аз замини ҶТ-ро ба Чин фурухта буд, Чин иддаои бештар кард

Эмомалӣ Раҳмон, ки қисмате аз замини Тоҷикистонро ба Чин фурухта буд, Чин иддаои бештар кард!

Чин кишваре аст, ки сарзамини бисёр калон дорад ва севумин кишвари калонтарини дунё аст. Аммо бо ин вуҷуд Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз замини Тоҷикистонро ба Чин фурухт. Дар натиҷа Чин иддао дорад ки тақрибан ниме аз сарзамини Тоҷикистон аз они Чин аст. Яъне Чин барнома дорад, то вақте ки Эмомалӣ Раҳмони беақл дар қудрат аст, ниме аз сарзамини Тоҷикистонро замимаи Чин кунад.

Бори аввал имтиёзҳои ҳудудии Чин аз ҷониби Тоҷикистон моҳи августи соли 1999, вақте ки қитъаи 200 километри мураббаъ дар наздикии дарёи Маркансу ба давлати Чин гузашт, сурат гирифт. Ва бори дуввум - моҳи майи соли 2002, Тоҷикистон ба Чин 998 километри мураббаъ қаламрави худро дар минтақаи Мурғоб дод. Сипас, дар соли 2011, режими Раҳмон "ба ивази кумаки молӣ" ба Чин 1155 километри мураббаъ қаламрави Тоҷикистонро дар минтақаи Помир интиқол дод.

Ин матлаб дар мақолаи Чу Яо Лу ки дар сайтҳо пахш шуд, оварда шуда ва чигунагии замима шудани қисмате аз Тоҷикистон ба Чинро бо ин титр "Тоҷикистон ташаббуси интиқоли заминҳои худ ба Чинро оғоз кард ва кӯҳҳои гумшудаи Помир ба соҳиби воқеии худ баргардонида шуданд" пахш шуд.

Тавре ки шумо медонед, соли 2010 Чин ва Тоҷикистон як созишномаи марзӣ ба имзо расониданд, ки тибқи он "тақрибан 1158 километри мураббаъ қаламрави Помир дар доираи созишномаи бахшиши қарз" ба ихтиёри давлати Чин гузашт. Пас аз он оппозисиюни тоҷик гуфтанд, ки Раҳмон ин қаламравро ба Чин ба маблағи ним миллиард доллар фурухтааст.

Акнун ин аждаҳо тамаъашро калонтар гирифта, ниме аз сарзамини Тоҷикистонро аз они худ медонад ва дар ВАО-и Чин дар ин бора бисёр суҳбат мекунад.

Чин чун медонад, инсони бисёр беақлу кайфӣ ки ҳамеша маст асту ақл дар сар надорад, бар сари қудрат аст ва ҳамонтавр ки пеш қисмате аз заминро ба Чин фурухт, ин бор ҳам метавонад бо додани пули ночизе ба Эмомалӣ Раҳмони беақл қисмати дигаре аз ин сарзаминро ба хоки худ замима кунад.

Ё шояд ҳам Эмомалӣ Раҳмон алакай заминро ба Чин фурухтаасту оҳиста-оҳиста ба Чин интиқол меёбад. Чун аз чунин одами бемағзу беақле ҳамаи чиз бармеояд. Ва ҳеҷ баъид нест, ки Эмомалӣ Раҳмон замини Тоҷикистонро бо халқаш ба Чин фурухта бошад.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз СтанРадар: Первый раз территориальные уступки КНР со стороны Таджикистана произошли в августе 1999 года, когда к китайскому государству перешел участок площадью 200 квадратных километров у реки Маркансу. И во второй раз - в мае 2002 года Таджикистан отдал Китаю 998 квадратных километров своей территории в Мургабской области. Затем в 2011 году режим Рахмона «в обмен на финансовую помощь» передал КНР 1158 квадратных километров таджикской территории в районе Памира. В отмеченной публикации Чу Йао Лу этот процесс называется «Таджикистан инициировал передачу Китаю его земель, и потерянные горы Памира были возвращены истинному хозяину».

Как известно, в 2010 году Китай и Таджикистан подписали соглашение о границе, по которому «около 1158 квадратных километров территории на Памире в рамках сделки по прощению долгов» отошли к китайскому государству. Тогда таджикская оппозиция заявила, что Рахмон отдал Китаю эту территорию за полмиллиарда долларов взятки.

Сиддиқи Акбар

general.images