Э.Раҳмон дар сафар, аммо Ҷопон беморхонаи Душанберо муҷаҳҳаз мекунад!

Эмомалӣ Раҳмон дар сафар, аммо Ҷопон беморхонаи Душанберо муҷаҳҳаз мекунад!

Тавре медонем, Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон ягон зарра фоида наоварда, балки фақат зарар меоварад.

Тамоми пулҳоеро ки ба номи халқи ба Тоҷикистон меояд, то ба фоидаи халқ истифода шавад, Эмомалӣ Раҳмон он пулҳоро гирифта, дар кайфу сафою майгусории худ ва оилааш истифода мекунад, аммо халқ ҳамчунон дар азобу оворагӣ!

Яке аз намунаҳои зараре ки ҳамин имрӯз (28,09,21) анҷом гирифтааст, сафари пурҳазинаи Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон аст. Эмомалӣ Раҳмон вақте ба сафар меравад, пули сафарашро аз халқ мегиранд.

Ӯ аз тарси ҷонаш ними армияро пешакӣ мефиристад, ки худ ҳазинаи милионӣ дорад ва ними дигарашро скорт бо худаш мебарад, то мабодо ҷони наҳсаш дар хатар биафтад, аммо барои як бемористон ки имрӯз Ҷопон онро муҷаҳҳаз кард, пул надорад ки барои халқкаш сарф кунад.

Ҷопон имрӯз 27 сентябри 2021 беморхонаи сироятии Душанберо ба маблағи 90 ҳазор доллар муҷаҳҳаз кард. Оё барои ҳукумати Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмони бешарм, ин шармандагӣ нест, ки беморхонаи кишварашо он ҳам ба маблағи ночизи 90 ҳазор доллар як кишвари дигар омада обод кунад?

Агар ҳаминқадар номус надорӣ ки 90 ҳазор долар харҷ карда беморхонаи кишваратро обод кунӣ, ҳамон беҳтар ки бимирӣ ва ё ҷоро холӣ кунӣ!

Дар сафари чандрӯзаи Э.Раҳмон ба Бадахшон, рӯзона беш аз як миллион доллар фақат барои командаи ҳозирбошон (охрана)-и Эмомалӣ Раҳмон ҳазина мешавад, ки ягон фоидае ба аҳаде намерасонд.

Эмомалӣ Раҳмони беақл, агар ҳамин пулҳоро барои сохтани корхонаю донишгоҳу институту беморхонаю мактаб дар вилоятҳо харҷ кунад, дигар на камбуди беморхона мемонд то ҳозира ва на шояд одаме бекор!

Зарару зиёни Эмомалӣ Раҳмон ба халқ беҳисоб аст ва бояд шабу рӯз дуо кунем Худо вуҷуди наҳси Эмомалӣ Раҳмон ва амсолашро решакан кунад, то мардум як зарра ҳам шуда нафаси роҳат кашанд!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Ҳукумати Ҷопон бо маблағи грантии тақрибан 90 ҳазор доллар таҷҳизоти беморхонаи сироятии шаҳри Душанберо навсозӣ кардааст. Рӯзи 27-уми сентябр, дар маросими гузоришдиҳӣ аз анҷоми лоиҳа сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки ширкат намуд.

Сиддиқи Акбар

general.images