Э. Раҳмон дар кайфу сафо, Иттиҳоди Аврупо ба мактабу бунгоҳҳои тиббии ҶТ ёрӣ мерасонад

Э. Раҳмон дар кайфу сафо, Иттиҳоди Аврупо ба мактабу бунгоҳҳои тиббии ҶТ ёрӣ мерасонад

Эмомалӣ Раҳмон президенте аст, ки ба ҷуз шикамчаронию шаҳватронӣ кори дигаре надорад, ва дар ҳолеки халқи камбағал аз коронавирусу бекорию бепулӣ ранҷ мебарад, ӯ кайфу сафо карда, бо тарбузу кадую Рустами нашъаманд селфӣ гирифта мегардад. Ва ин дар ҳоле аст, ки Иттиҳодияи Аврупо ба ҷои Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб ва бунгоҳҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрӣ мерасонад!

Ба гузороиши Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Созмони Оксфам бо сарпарастии Иттиҳоди Аврупо ба 47 бунгоҳи тиббӣ ва 53 мактаби ҳамагонии ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент бастаи маводи зиддиуфунӣ медиҳад. Ин бастаҳо ба хотири пешгирӣ аз сирояти бемории COVID-19 тақдим мешаванд ва арзиши умумии кумакҳо ба беш аз 287 ҳазор сомонӣ, муодили 28 ҳазор доллар мерасад.

Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе рӯзи 10-уми август гуфт, аз ин иқдом зиёда аз 75 ҳазор сокини деҳот ва тақрибан 17 ҳазор хонандаву омӯзгор баҳра хоҳанд бурд.

Ин кор бо ҳадафи пешгирӣ аз бемории ҳамагир сурат гирифта, Оксфам тасмим дорад, дар мубориза ба зидди такроран паҳн шудани пандемия саҳм гузорад.

Оё Эмомалӣ Раҳмон аз ин шармандагие ки ба бор овардааст ва ба ҷои инки ба халқ ёрдам кунад Иттиҳодияи Аврупо ба халқ ёрдам мекунад, беҳтар нест, ки равад мурад то халқ аз ин тавҳинҳову таҳқирҳо халос шавад?

Сиддиқи Акбар

general.images