Э.Раҳмон аз ИА тарсида, сайтҳои басташударо пеш аз вуруди Туск кушод!

Аз нимаи дуюми рӯзи 29 май дастарсӣ ба сомонаҳо ва мессенҷерҳои масдудшуда, ки ба дастури Эмомалӣ Раҳмон анҷом шуда буд, кушода шуд. Сабаби кушода шудани сомонаҳои басташуда, сафараи Донал Туск, раиси Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон буд. Маълум мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз Иттиҳодияи Аврупо местарсад ва барои худашро ширин нишон додан сайтҳои басташударо дастрас қарор дод, то ба хиёли хоми худ Доналд Тускро фиреб диҳад, ғофил аз инки Доналд Туск чанд рӯз пеш аз инки ба ҷое сафар кунад, таҳқиқот дар ҳамаи бораро анҷом дода бо далелҳои муҳкам вориди сафар мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ки худ як беақл аст ва аз “дипломатияи ҷангалӣ” бархурдор аст (чи хеле ки дар сафари расмиаш ба Русия, нишон дода шуд ва тасвирҳое аз чӣ тавр салом кардану чӣ гуфтанро ба вазирони Тоҷикистон дар телевизиони Русия нишон доданду обрӯи бе он ҳам надоштаи Э.Раҳмонро бо ҳоҷатхона яксон карданд), хиёл мекунад, ки дигар дипломатҳо ҳам монанди ӯ беақлу бефаростанд ва ба осонӣ фиреб мехӯранд.

Аз соли 2015 дуруст аз замоне ки оппозицияи Тоҷикистон ба Аврупо кӯч кард, фошкории чеҳраи воқеии Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд ва торафт бештар шуд. Фошкориҳо сабаб шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дучори садами рӯҳӣ шавад ва ду бор ба исти қалбӣ (инфаркт) гирифтор шавад. Кишварҳои Аврупоӣ низ чеҳраи воқеии Э.Раҳмонро шинохтанд, таҳдидҳо ва таҳримҳоро айлаҳи ӯ оғоз карданд, дар натиҷа Эмомалӣ Раҳмон аз дарёфти кумакҳои молии Аврупо маҳрум шуд ва инак чаҳор сол аст, ки аз кумаки молии Аврупо маҳрум шудааст, ки дар натиҷа таъсири он бар Тоҷикистон бисёр равшан шуда ва будҷети давлатӣ коҳиш ёфта, интиқодҳо аз даруну беруни Тоҷикистон алайҳи Э.Раҳмон зиёд гашта аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар фикри он аст, ки чӣ кор кунад то аз ин вазъият берун барояд ва дубора тавонад кумакҳои Аврупоро дарёфт кунад. Аз ҳамин сабаб талош мекунад, то худашро ширину бегуноҳ ҷилва диҳад ва мухолифони ҶТ-ро гунаҳгор. Сайтҳоро баст, аммо як соат пеш аз вуруди раиси Шӯрои Аврупо онро кушод. Тарси Эмомалӣ Раҳмон аз ИА бедалел нест. Аммо ғофил аз инки на танҳо Аврупо, балки Русия низ дар сафари расмии Э.Раҳмон аз дархости Э.Раҳмон мабнӣ бар ҳимоят аз президентии Рустами Эмомалӣ ба ӯ ҷавоби манфӣ дод ва ба ӯ фаҳмонд, ки дигар таърихи масрафи ту гузашт ва бояд аз саҳнаи сиёсӣ канор равӣ!

Аз ҳамин сабаб Аврупо, Русия ва дигар кишварҳо аз ҳимояти Э.Раҳмон канор кашида, ошкоро ба ӯ фаҳмондаанд, ки дигар ниёзе ба ту нест ва бояд аз саҳнаи сиёсӣ канор равӣ, дар ғайри ин сурат бо тамоми оилаат (монанди Саддом, Қаззофӣ ва....) якҷо нобуду беобрӯ мегардӣ!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор: Аз нимаи дуюми рӯзи 29 май, дуруст дар остона шурӯи сафари Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон, дастрасӣ ба аксари шабакаҳову сомонаҳо ва мессенҷерҳои масдудшуда дар ин кишвар барқарор карда шуд. Ҳамин тавр, сомонаҳои идораҳои давлатии Тоҷикистон, ки 10 рӯз боз дар хориҷ аз кишвар дастнорас шуда буданд, аз нав дар дастраси умум қарор дода шуданд. Шабакаҳои интернетӣ, аз ҷумла Гугл бо тамоми хадамоташ, Ютуб, Фейсбук, Одноклассники, Инстаграм ва мессенҷерҳо дар Тоҷикистон ва сомонаҳои расмии ин кишвар дар хориҷ аз 20 май, дар пайи ошӯби хунин дар зиндони Ваҳдат масдуд карда шуданд.

Сиддиқи Акбар

general.images