Эҳтимоли озодии беш аз 182 зиндонии сиёсӣ дар Тоҷикистон ва далилҳои эҳтимолии он

Мақомоти қазоии Тоҷикистон барои озод кардани беш аз 182 зиндонии сиёсӣ, ки дар банди ин режими золид ва худкома қарор доранд, омода мешаванд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Ахбор, мақомоти қазоии Тоҷикистон барои озод кардани беш аз 182 зиндонии сиёсӣ, ки дар банди ин режими золид ва худкома қарор доранд, дар рӯзи Қонуни Асосии Тоҷикистон (5 ноябр) омода мешаванд.Манобеи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон эълом кардаанд, афроде ҳамчун Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, Зайд Саидов, фаъоли бахши хусусӣ, Мақсуд Иброҳимов, узви Гурӯҳи - 24 ва Абдумалик Саломов, ҷарроҳи қалб шомили ин феҳрист хоҳанд буд.Ин сомона муддаӣ шудааст, як манбаъ аз созмони зиндонҳои Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, дар феҳристи номҳои афроди ироашуда барои таъйиди ниҳоии мақомоти додгустарӣ, афви теъдоде аз аъзо ва фаъолони Ҳизби наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи - 24 мадди назар аст.Дар асл комиссияи вижае, ки вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аз ихтиёри ироаи феҳристи зиндониёне, ки бояд мавриди афв қарор гиранд, бархурдор аст ва фармони озодии ин афродро раиси ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мекунад.Албатта, ҷузъиёти ин тарҳ ҳанӯз мушаххас нест ва коршиносон муътақиданд, фишори созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалӣ боис шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати бархурд бо мухолифони худ таҷдиди назар кунад.Онон озодии Хайруллоҳ Мирсаидов, масъули бошгоҳи ҳозирҷавобон (КВН - Тоҷикистон) – и Тоҷикистон дар рӯзи 22 – юми август ва Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъ дар рӯзи 24 – уми августи соли ҷорӣ аз зиндонро натиҷаи фишорҳои байналмилалӣ ва нармиши мақомоти қазоии ин кишвар унвон мекунанд.

general.images