Эътироф гирифтани КДАМ бо шиканҷаи тоқатфарсо аз боздоштшудаҳо

Эътироф гирифтани КДАМ бо шиканҷаи тоқатфарсо аз боздоштшудаҳо

КДАМ-корхонаи одамкушии Тоҷикистон таҳти раёсати кофиртарин шахси Тоҷикистон яъне Саймумин Ятимов барои эътироф гирифтан аз боздоштшудаҳо бадтарин ва тоқатфарсотарин шиканҷаҳоро ба кор мегирад, то бегуноҳонро маҷбур ба эътирофот намояд.

Манбаъи Востокнюз аз даруни ҳуқумат ба Востокнюз гуфт, ки Баҳриддин Қурбонов ягон ҷурм надорад ва парвандаашро вақте мехонед, аз туҳматҳо ва суханҳое ки навишта шудааст хандаатон мегирад.

Ҷурмҳои бисёр бемаъно ва хандаовареро ба Баҳриддин Қурбонов нисбат додаанд, ки ҳатто худи шиканҷагарҳо ва органҳои таҳқиқотии амниятии сохтори давлатӣ ба монанди КДАМ низ худ харханда шудааст.

Манбаъ мегӯяд, шумо ҳолати рӯҳӣ ва тарзи суҳбати Баҳриддин Қурбоновро дар “филми хиёнати 5” бинед, мефаҳмед, ки ҳолаташ оддӣ нест ва чашмонаш бемормонанд аст. Чашмони беморгунааш аз шиканҷа ва таҳдид гувоҳӣ медиҳад.

Манбаъе, ки худро маъмури шиканҷагари Баҳриддин Қурбонов муаррифӣ кард, ба Востокнюз гуфт, ки Қурбоновро ба интервю маҷбур карданд, ӯ қабул накард, баъд аз таҳдид ва шиканҷаи ваҳшатнок ӯро маҷбур кунонданд, ки гап занад.

Пеш аз интервю ба ӯ укол заданд. Уколе, ки боздоштшударо беҳис мекунад ва ӯ намефаҳмад, ки чӣ гуфтаистодааст. Ба ӯ ҳар фармоне, ки дода шавад, монанди аз рӯи навишта хондан ва интервю додан ва ба ҷурмҳои нокарда эътироф кардан, боздоштшуда беинки ҳуш дар сар дошта бошад, чашмонаш мурғак зада, бемормонанд, ҳамаи навиштаҳоеро, ки аз пушти дурбин ба ӯ илқо мекунанд, ба забон меорад.

Манбаъ: Корбаре ки худро корманди амният муаррифӣ карда, ҳар рӯз бо Баҳриддин Қурбонов дар иртибот аст, ба саҳифаи Востокнюз иттиллотро фиристодааст. Востокнюз фақат нашркунандаи ин матлаб аст ва дурӯғ ё рост будани ин мақоларо таъйид ё рад намекунад!

Сиддиқи Акбар

general.images