Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба 25 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев), рӯҳонии шинохта ва воизи маъруф дар авоили солҳои 90-умро ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Додгоҳи олии Тоҷикистон Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев), рӯҳонии шинохта ва воизи маъруф дар авоили солҳои 90-умро ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Як манбаи наздик ба парванда дар Додгоҳи олӣ рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи ниҳоии Саид Қиёмиддини Ғозӣ ҳудуди 10 рӯз қабл дар Боздоштоҳи муваққати рақами яки Душанбе паси дарҳои баста баргузор шуд.Ба гуфтаи манбаъ, Саид Қиёмиддини Ғозӣ бо се моддаи Кодекси ҷиноӣ -- "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ", "хиёнат ба давлат" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ", айбдор дониста шудааст.Ҳанӯз маълум нест, Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар мурофиаҳои додгоҳӣ ба ин иттиҳомот эътироф кардааст ё не. Мурофиаи додгоҳии ин рӯҳонии тоҷик бидуни ширкати наздикони ӯ доир шудааст. Ва низ маълум нест, наздикони Саид Қиёмиддини Ғозӣ аз болои ин ҳукм шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд, ё на.Саид Қиёмиддин Ғозӣ моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва дар як шароити мармуз ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ин рӯҳонии 66-сола ҳамакнун давраи ҷазояшро дар маҳбаси низомаш сангин сипарӣ хоҳад кард.Дӯстони хонаводаи Саид Қиёмиддини Ғозӣ мегӯянд, ки пас аз содир шудани ҳукм, ӯ ҳоло аз боздоштгоҳи рақами аввал ба боздоштгоҳи Вазорати адлия интиқол дода шудааст.Ба гуфтаи онҳо, Саид Қиёмиддини Ғозӣ вақте барои табобат ба Эрон рафта буд, пайвандонаш як манзили ӯро фурӯхта, барояш пул фиристода буданд. "Вақте бармегашт, ҳамроҳаш боқимондаи ҳамон маблағ (беш аз 10 ҳазор доллар) ва ҳамчунин ду телефони ҳамроҳ ва як компютер дошт ва ин ҳама мусодира шуда, ба ҳисоби давлат гузаронида шудаанд",-гуфтанд онҳо.Эшони Қиёмиддин дар моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Истирдоди ӯ бидуни мурофиаи додгоҳӣ ва бо як тарзи мармуз сурат гирифт.Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар мулоқот бо зиёиён ӯро ба қабули мазҳаби шиъа ва дарёфти маблағ аз Эрон муттаҳам кард: “Ба ном генерал Қиёмиддин, мулло Қиёмиддини Ғозималик, яке аз сабабгорони бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум дастгир карда шуд. Ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак дӯсти мо. Боз барои ҳамон амалҳои нопоки худ. Худаш иқрор аст, ки ҳамин қадар сол мазҳаби шиаро қабул кардааст ва пурра бо супориши сохтори ҷосусии он кишвар зидди миллати тоҷик кор кардааст».Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони Шаҳидон – тарафдорони нерӯҳои исломӣ ва демократӣ буд ва ӯро бо унвони ғайрирасмии “генерали мардумӣ” ҳам доданд. Баъди шурӯи ҷанг ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард.Бо имзои Созишномаи сулҳ Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени "Шараф" қадрдонӣ шудааст.Дар тахминан 15 соли охир ӯ аз сиёсат даст кашид ва дар борааш маълумоте тақрибан нашр намешуд.

general.images